Низомиёни Афғонистон 135 ҷангҷӯи «Толибон»ро маҳв ва 92 нафари дигарашро маҷрӯҳ карданд
ДУШАНБЕ, 28.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазорати мудофиаи миллии Афғонистон аз афзоиши ҳамлаҳои «Толибон» дар бахшҳои ин кишвар хабар дода, мегӯяд, ки дар ин задухурдҳо талафоти сангин ба ҷангиёни ин гурӯҳ ворид шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба сомонаи «Садои Амрико» www.darivoa.com/.
Фавод Амон, муовини сухангӯи вазорат, рӯзи сешанбе (27 апрел) ба «Садои Амрико» гуфт, ки дар тӯли 24 соати гузашта дар задухурдҳо бо низомиёни афғон 135 ҷангҷӯи «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) кушта ва 92 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Ҷаноби Амон илова кард, ки шаби гузашта вилоятҳои Лағмон, Лӯгар, Ғазнӣ, Майдон Вардак, Ҳирот, Ғур, Форёб, Балх, Бағлон, Тахор, Кундуз, Ҳилманд ва Қандаҳор шоҳиди ҳамлаҳои густурдаи «Толибон» шуданд.
«Мутаассифона, сатҳи хушунатҳо, алахусус дар моҳи шарифи Рамазон, ҳанӯз ҳам баланд аст. «Толибон» ҳамлаҳои террористии худро алайҳи мардуми Афғонистон афзоиш доданд», — афзуд ӯ.
Чаноби Амон аз шарҳи талафот дар миёни неруҳои низомии Афғонистон худдорӣ кард, аммо «Толибон» иддао карданд, ки дар ин зудухӯрдҳо ба низомиёни афғон талафот ворид кардаанд.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






