Нуҳ нафар дар ҳодисаҳои зидди амниятӣ дар Афғонистон кушта шуданд
ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи ҳамлаҳои «Толибон» (мамнуъ дар Тоҷикистон) дар як шабонарӯз дар вилоятҳои Бағлон, Ғазнӣ, Кундуз, Балх, Парвон, Ғур ва Нангарҳор ҳашт тан мансубини неруҳои интизомӣ ва қудратӣ ва як ғайринизомӣ кушта ва 18 нафари дигар, аз ҷумла панҷ ғайринизомӣ маҷрӯҳ шуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.
Аҳмад Ҷовид Башорат, сухангӯи полиси Бағлон, 19 апрел гуфт, ки шаби гузашта дар ҳамлаи «Толибон» ба як корхонаи истеҳсоли қанд дар вулусволии Бағлони маркази ин вилоят ду корманди полис кушта ва шаш нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.
Вай афзуд, ки задухӯрд миёни неруҳои амниятӣ ва «Толибон» то бомдоди рӯзи дигар идома ёфт ва ҷангҷӯён низ талафот диданд, аммо шумораи дақиқи онҳо ҳоло дастрас нашудааст.
Холиқдод Акбарӣ, узви шӯрои вилоятии Ғазнӣ, низ гуфт, ки дар даргириҳои ахир дар канори шаҳри Ғазнӣ ду нафар кушта ва панҷ тани дигар захмӣ шуданд.
Вай афзуд: «Ҳар шаб деҳоти Орзу шоҳиди ҷанг, низоъ ва хунрезӣ ҳастанд, умедворем, ки ин ҷангҳо дар моҳи Рамазон қатъ мешаванд».
Як қатор вакилони Маҷлиси намояндагон афзоиши хушунатҳоро дар баъзе қисматҳои кишвар нигаронкунанда медонанд ва мегӯянд, ки ҳолати дифоии ниҳодҳои амнияти сабаб шудааст то доманаи ҷанг то ба марказҳое баъзе вилоятҳо бирасад.
Дар ҳамин ҳол, Комиссияи мустақили ҳуқуқи башар дар як хабарнома мегӯяд, ки танҳо дар давраи аз 21 март то ба ҳол 39 нафар афроди ғайринизомӣ дар ҷанг ва хушунатҳо ҷон бохтаанд ва 40 нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.
Забеҳуллоҳ Фарҳанг, сухангӯи Комиссияи мустақили ҳуқуқи башар, гуфт: «Тарафҳои ҷанг набояд аз ин бештар сабаби қатл ва куштори мардуми Афғонистон шаванд. «Ҷанг омили поймол шудани ҳамаи ҳуқуқҳои шаҳрвандон аст».
«Неруҳои ҳукуматӣ бояд ҳамлаҳои худро суръат бахшанд, то битавонанд «Толибон» -ро зудтар шикаст бидиҳанд», — гуфт Шафиқа Сахо Юлчӣ, узви Маҷлиси намояндагон.
Аммо Рӯҳуллоҳ Аҳмадзай, сухангӯи вазорати дифоъ афзоиши ҳамлаҳои «Толибон» -ро дар баъзе манотиқи кишвар ба оғози амалиёти баҳории ин гурӯҳ вобаста медонад, ҳарчанд «Толибон» дар ин бора изҳори назар накардаанд.
«Идомаи хушунати «Толибон» имрӯз алайҳи мардуми Афғонистон нисбат ба ҷанги солҳои қабл эълонкардаи ин гурӯҳ хеле бадтар ва марговартар аст», — афзуд ӯ.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






