ПИРАМИДАИ МОЛИЯВӢ: Аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояти қаллобӣ ошкор ва 2 нафар узви гурӯҳ дастгир шуданд
ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати аз ҷониби намояндагони ҶДММ «Тозакор» дар шакли пирамидаи молиявӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон содир кардани ҷинояти қаллобӣ ошкор карда шуда, нисбат ба якчанд нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.
Тавре аз маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тафтиш муайян кард, ки ин гурӯҳи ҷиноятӣ худро намояндаи ташкилоти хориҷии ҶДММ «Аффинаж» (Ltd «Affinage»), ки гӯё бо ташкилоти ба истихроҷ, нигоҳдошт, коркард ва фурӯши нафт, газ, тилло ва дигар ашёи хом машғулбуда ҳамкорӣ дорад, муаррифӣ намуда, бо ваъдаи додани фоидаи калон барои маблағгузорӣ ба ҶДММ «Аффинаж» зиёда аз 300 нафар шаҳрвандонро ҷалб намуда, аз онҳо дар ҳаҷми аз 100 то 4000 доллари ИМА ба суратҳисоби бонкҳои берун аз кишвари худ ба маблағи умумии зиёда аз 150 000 доллари ИМА гузаронидаанд.
Айни ҳол 2 нафар узви ин гурӯҳи ҷиноятӣ дастгир карда, ҷустуҷӯи нафарони дигар идома дорад.
Шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонунии ҶДММ «Аффинаж» («Тозакор») зарари моддӣ дидаанд, ё ин ки оид ба фаъолияти ғайриқонунии ин гурӯҳи ҷиноятӣ маълумот доранд, метавонанд ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.








Ҷавонони шаҳри Турсунзода бо гирифтани шаҳодатномаи ронандагӣ ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Хадамоти ҳифзи давлатии объектҳо оид ба муҳофизати шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт бо нақлиёти махсуси оташнишонӣ таъмин гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Дар Муъминобод ба 20 ҷавон шаҳодатномаи ронандагӣ супорида шуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Котиби иҷроияи Шурои ҳамоҳангсозии прокурорҳои генералии давлатҳои аъзои ИДМ Александр Баженов вохӯрӣ намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Беларус Дмитрий Гора мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо прокурорҳои генералии Қирғизистон ва Қазоқистон мулоқот намуд
Ҳабибулло Воҳидзода бо Прокурори генералии Ҷумҳурии Озарбойҷон Камран Алиев мулоқот намуд
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 55 фоиз иҷро шуд
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 76 фоиз иҷро гардид
Дар шаҳри Ҳисор Рӯзи даъватшаванда баргузор гардид
Ҷавонони ноҳияи Деваштичро ба хизмати ҳарбӣ гусел карданд
Ҷавонони шаҳри Ваҳдатро бо дуои неки модарон ба сафи Артиши миллӣ гусел намуданд






