ПИРАМИДАИ МОЛИЯВӢ: Аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷинояти қаллобӣ ошкор ва 2 нафар узви гурӯҳ дастгир шуданд

Апрель 16, 2021 08:25

ДУШАНБЕ, 16.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз тарафи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳолати аз ҷониби намояндагони ҶДММ «Тозакор» дар шакли пирамидаи молиявӣ дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд ва Хатлон содир кардани ҷинояти қаллобӣ ошкор карда шуда, нисбат ба якчанд нафар парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.

Тавре аз  маркази матбуоти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, тафтиш муайян кард, ки ин гурӯҳи ҷиноятӣ худро намояндаи ташкилоти хориҷии ҶДММ «Аффинаж» (Ltd «Affinage»), ки гӯё бо ташкилоти ба истихроҷ, нигоҳдошт, коркард ва фурӯши нафт, газ, тилло ва дигар ашёи хом машғулбуда ҳамкорӣ дорад, муаррифӣ намуда, бо ваъдаи додани фоидаи калон барои маблағгузорӣ ба ҶДММ «Аффинаж» зиёда аз 300 нафар шаҳрвандонро ҷалб намуда, аз онҳо дар ҳаҷми аз 100 то 4000 доллари ИМА ба суратҳисоби бонкҳои берун аз кишвари худ ба маблағи умумии зиёда аз 150 000 доллари ИМА гузаронидаанд.

Айни ҳол 2 нафар узви ин гурӯҳи ҷиноятӣ дастгир карда, ҷустуҷӯи нафарони дигар идома дорад.

Шаҳрвандоне, ки дар натиҷаи фаъолияти ғайриқонунии ҶДММ «Аффинаж» («Тозакор») зарари моддӣ дидаанд, ё ин ки оид ба фаъолияти ғайриқонунии ин гурӯҳи ҷиноятӣ маълумот доранд, метавонанд ба Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоянд.

Апрель 16, 2021 08:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид