Прокуратураи генералӣ: Ҳар ҳодиса бо аломатҳои марги маҷбурии шаҳрвандони Тоҷикистон дар хориҷа таҳти назорати махсус қарор дорад
ДУШАНБЕ, 22.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 21 апрел Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муҷозот шудани қотили шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, 10 августи соли 2020 аз Федератсияи Росия ҷасади шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи шаҳри Конибодоми вилояти Суғд Толибҷон Саидов, ки соли таваллудаш 1998 мебошад, бо аломатҳои марги маҷбурӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд.
Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати ба марг расонидан, сабабҳои он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкор ба Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дархост ирсол шуд. Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҷинояткор дастгир шуда, ба муҳлати 7 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд. Инчунин бо ҳукми суд даъвои ҷониби ҷабрдида оид ба рӯёнидани зарари маъанавӣ ба маблағи 800 ҳазор рубл қонеъ карда шуд.
Ҳоло аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ҳодиса бо аломатҳои марги маҷбурии шаҳрвандон дар хориҷа таҳти назорати махсус гирифта шуда, дар оянда низ тамоми тадбирҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо андешида мешаванд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд






