Раиси Шӯрои уламои вилояти Тахори Афғонистон дар натиҷаи таркиш кушта шуд

Апрель 1, 2021 09:32

ДУШАНБЕ, 01.03.2021 /АМИТ «Ховар»/. Сухангӯи полиси вилояти Тахори Афғонистон Халил Асир 31 март иттилоъ додааст, ки Абдул Самад Муҳаммадӣ, раиси Шӯрои уламои вилоят, нимаи дуюми рӯз дар шаҳри Толуқон ҳангоми таркиши минаи магнитӣ дар автомашинааш кушта шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com.

Вай афзуд, ки ин ҳодиса тақрибан соати 13.30 дар чорроҳаи дуввуми шаҳри Толуқон рух додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, дар натиҷаи таркиш се нафари дигар захмӣ шудаанд.

Инчунин “Тулӯъ Нюс” бо истинод ба сухангӯи полиси Балх Одилшоҳ Одил иттилоъ додааст, ки 31 март дар вулусволии Балхи ин вилоят бар асари таркиши мина ду ғайринизомӣ, аз ҷумла як кӯдак кушта ва 16 шаҳрванд, аз ҷумла се хизматчии низомӣ маҷрӯҳ шуданд.

Вай афзудааст, ки ин ҳодиса ҳангоми таркиши минаи дар ароба ҷойсозишуда дар маҳаллаи Бандари Кулфат, маркази вулусволии Балх рух дод.

Ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла «Толибон» (мамнӯъ дар Тоҷикистон), масъулияти таркишҳоро ба дӯш нагирифтааст.

Апрель 1, 2021 09:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид