Рамазон Раҳимзода дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуд

Апрель 20, 2021 11:02

ДУШАНБЕ, 20.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода  дар ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти семоҳаи фаврӣ-хизматӣ дар Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иштирок намуда, оид ба пешгирии сатҳи ҷиноятсодиркунӣ, мубориза бо терроризму экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор, мусодираи силоҳ ва муҳимоти ҷангӣ сухан гуфт.

Ҳамзамон аз ҷониби Вазири корҳои дохилӣ баҳри пешгирии муомилоти ғайриқонунии сангҳои қиматбаҳо, шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир, нӯшокиҳои спиртии пастсифат, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, дар сатҳи баланд гузаронидани чорабиниҳои сиёсии дар пешистодаю идҳо, танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа супоришҳои мушаххас дода шуданд.

Зимни ҷаласа бобати беҳдошти саломатии шаҳрвандон, истифодаи оқилонаи неруи барқ ва сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таъмини муҳофизати марзу буми кишвар таъкид гардид.

Дар ҷараёни ҷаласа дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни сафари кориашон ба ВМКБ ва вохӯрӣ бо фаъолони вилоят ва иҷрои супоришҳое, ки дар назди Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар вилоят гузошта шудаанд, мавридӣ баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар зимн диққати масъулини соҳа ба боло бурдани савияи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон ва пешгирии омилҳои зишту номатлуб дар ҷомеа ҷалб карда шуд.

АКСҲО аз сомонаи ВКД

Апрель 20, 2021 11:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Эмомалӣ Раҳмон: «Ҳар корманди милитсия бояд бо рафтору гуфтор, дониш, самимияту эътимод сазовори боварии шаҳрвандон бошад»
Дар Роғун Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Дар Суғд Рӯзи милитсияи тоҷикро ботантана таҷлил намуданд
Дар 26 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ бо биноҳои замонавӣ таъмин шуданд
Рӯзи милитсияи тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ботантана таҷлил гардид
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи милитсияи тоҷик ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Котиби Шурои амнияти Тоҷикистон дар вохӯрии котибони Шуроҳои амнияти кишварҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкории ҳуқуқиро тақвият медиҳанд
Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид