Рамазон Раҳимзода ва Ху Тсюнтан ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бо ҷинояткориро баррасӣ намуданд

Апрель 14, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода 13 апрел дар Душанбе бо намояндаи навтаъйини Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин дар Тоҷикистон Ху Тсюнтан мулоқот намуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хабар дод.

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Ху Тсюнтанро бо таъйин шуданаш ба вазифаи масъул табрик гуфта, изҳори умедворӣ намуд, ки ҳамкории пурсамари ду вазорат минбаъд низ тавсеа ёфта, ба марҳилаи нави рушд мебароянд. Зимни мулоқот ҳамчунин масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, тавсеаи ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм ва табодули иттилоот баррасӣ шуданд.

Апрель 14, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд