Роҳбари СУТ моҳҳои наздик имкони таҳти назорат гирифтани пандемияро аз эҳтимол дур намедонад

Апрель 21, 2021 12:06

ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейесус чунин мешуморад, ки ояндаи наздик нигоҳ доштани пандемияи коронавируси COVID-19 имконпазир аст. Вай ин нуктаро 19 апрел зимни брифинг дар Женева изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СУТ.

«Мо барои дар тӯли чанд моҳ таҳти назорат гирифтани ин пандемия афзорҳо дорем, агар онҳоро ба таври муттасил ва мутавозин татбиқ кунем», — иқтибос овардааст суханони ӯро хадамоти матбуоти Созмон.

Дар айни ҳол, ӯ аз суръати паҳншавии COVID-19 дар байни одамони 25-59-сола дар ҷаҳон изҳори нигаронӣ кард. «Шояд ин ба навъҳои зудинтиқоёбандаи вирус ва омезиши иҷтимоӣ дар байни ҷавонон вобаста бошад», — тахмин кард Гебрейесус.

Духтур-эпидемиологи саршиноси СУТ Мария ван Керхов афзоиши шумораи сироятёфтагони коронавирусро дар ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ зикр кард, ки пештар мушоҳида намешуд. Ба гуфтаи вай, дар баъзе кишварҳо ҳудудҳои гурӯҳҳои синнусолӣ, ки дар муқобили  сироятёбӣ бо коронавирус бештар осебпазир мебошанд, тағйир меёбанд. Вай бар ин бовар аст, ки тамосҳои иҷтимоӣ сабабгори ин ҳолат шудаанд.

                                                              АКС аз хадамоти матбуоти СУТ

Апрель 21, 2021 12:06

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон