Роҳбари СУТ моҳҳои наздик имкони таҳти назорат гирифтани пандемияро аз эҳтимол дур намедонад
ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Роҳбари Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Адханом Гебрейесус чунин мешуморад, ки ояндаи наздик нигоҳ доштани пандемияи коронавируси COVID-19 имконпазир аст. Вай ин нуктаро 19 апрел зимни брифинг дар Женева изҳор дошт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба хадамоти матбуоти СУТ.
«Мо барои дар тӯли чанд моҳ таҳти назорат гирифтани ин пандемия афзорҳо дорем, агар онҳоро ба таври муттасил ва мутавозин татбиқ кунем», — иқтибос овардааст суханони ӯро хадамоти матбуоти Созмон.
Дар айни ҳол, ӯ аз суръати паҳншавии COVID-19 дар байни одамони 25-59-сола дар ҷаҳон изҳори нигаронӣ кард. «Шояд ин ба навъҳои зудинтиқоёбандаи вирус ва омезиши иҷтимоӣ дар байни ҷавонон вобаста бошад», — тахмин кард Гебрейесус.
Духтур-эпидемиологи саршиноси СУТ Мария ван Керхов афзоиши шумораи сироятёфтагони коронавирусро дар ҳамаи гурӯҳҳои синнусолӣ зикр кард, ки пештар мушоҳида намешуд. Ба гуфтаи вай, дар баъзе кишварҳо ҳудудҳои гурӯҳҳои синнусолӣ, ки дар муқобили сироятёбӣ бо коронавирус бештар осебпазир мебошанд, тағйир меёбанд. Вай бар ин бовар аст, ки тамосҳои иҷтимоӣ сабабгори ин ҳолат шудаанд.
АКС аз хадамоти матбуоти СУТ








35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»






