Роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақшаҳои ҳамкории пасобуҳрониро матраҳ намуданд

Апрель 23, 2021 09:30

ДУШАНБЕ, 23.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон ҳамкориро дар самти мубодилаи иттиллоот, ташкили хатсайрҳои муштарак ва ҷалби сайёҳон ба кишварҳои ҳамдигар  тақвият медиҳанд.

Чунин зикр гардид дар вохӯрии маҷозӣ, ки бо иштироки  роҳбарони ассотсиатсия ва ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон доир гардид.

Тавре аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ доданд, дар вохӯрӣ муовини Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Камолиддин Муминзод доир ба тадбирҳои андешидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти рушди сайёҳӣ ва имтиёзҳои соҳавӣ сухан намуд. Ҳамчунин дар ҷараёни вохӯрӣ  зарфияти сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тариқи роликҳои иттилоотӣ  муаррифӣ гардид.

Вохӯрии ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар шакли маҷозӣ дар заминаи мулоқоти Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Агентии давлатии сайёҳии Ҷумҳурии Озарбойҷон гузаронида шуда, дар он роҳбарони ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Озарбойҷон нақшаҳои ҳамкории пасобуҳрониро матраҳ намуданд.

 

АКС аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 23, 2021 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон ба гардишгарони ҳавзаи Шурои ҳамкории кишварҳои арабии Халиҷ муаррифӣ гардиданд
Дар Дарвоз Конференсияи байналмилалии «Сайёҳии устувор ва рушди зеҳни сунъӣ дар шароити муосир» баргузор шуд
Дар Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мероси Суғди бостонӣ» баргузор гардид
Шаҳри Панҷакентро дар нуҳ моҳ беш аз 40 ҳазор сайёҳон тамошо намудаанд
Бо мақсад рушди ҳамкории сайёҳӣ ҳайати шаҳри Душанбе ба музофоти Хайнани Чин сафар намуд
Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» иқтидори сайёҳӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро муаррифӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» оғоз гардид
Имконияту иқтидори сайёҳии шаҳри Душанбе дар Ҷумҳурии Мардумии Чин муаррифӣ мегардад
АЗ ВОДИИ РАШТ ТО ИСКАНДАРКӮЛ. Хатсайрҳои сайёҳии дохилӣ ба минтақаҳои сайёҳии Тоҷикистон анҷом ёфтанд
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
ВОДИИ ЯҒНОБ- ОСОРХОНАИ ЗИНДАИ ЭТНОГРАФӢ. Ин мавзеъ таваҷҷуҳи сайёҳонро зиёдтар ҷалб менамояд