Россия, Тоҷикистон ва боз 19 кишвар барои ширкат дар конфронс оид ба Афғонистон дар Истанбул даъват шудаанд

Апрель 14, 2021 12:55

ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Намояндагони Россия, Тоҷикистон, ИМА, Иттиҳоди Аврупо, НАТО, Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) ва якчанд кишварҳои дигар ҷиҳати ширкат дар конфронс оид ба  Афғонистон даъват шудаанд. Тавре АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, дар ин хусус дирӯз, 13 апрел ТАСС иттилоъ додааст. Ин чорабинӣ, ки бо ибтикори СММ, Туркия ва Қатар ташкил шудааст, аз 24 апрел то 4 май дар Истанбул баргузор мешавад.

«Даъватномаҳо ба Австрия, Озарбойҷон, Канада, Чин, Франсия, Германия, Ҳиндустон, Индонезия, Эрон, Италия, Япония, Қазоқистон, Қирғизистон, Норвегия, Британияи Кабир, ИМА, Ӯзбекистон, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон, намояндаи олии Иттиҳоди Аврупо, дабири кулли НАТО ва дабири кулли СҲИ фиристода шудаанд», — гуфт мусоҳиби агентӣ.

Намояндаи расмии Дабири кулли СММ Стефан Дюжаррик иттилоъ додааст, ки роҳбари ташкилоти ҷаҳонӣ Антонио Гутерриш ният дорад, ки дар ин чорабинӣ дар шакли видеоӣ ширкат варзад.

Тавре ки Вазорати корҳои хориҷии Туркия пештар хабар дода буд, конфронс оид ба ҳалли мусолиматомез дар Афғонистон бо иштироки намояндагони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва ҳаракати [радикалии] «Толибон» (дар ҳудуди Тоҷикистон, Россия ва якчанд кишварҳои дигар мамнӯъ шудааст — эзоҳи АМИТ «Ховар») баргузор мешавад. Онҳо таъкид карданд, ки «ҳадафи асосии Конфронси Истанбул оид ба раванди сулҳ дар Афғонистон — суръат бахшидан ва такмил додани музокироти ҷории дохилии Афғонистон дар Давҳа ҷиҳати ноил шудан ба танзими одилона ва суботи сиёсӣ мебошад».

                                                                   АКСИ: Vzglyad.az

Апрель 14, 2021 12:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Бар асари тирпаронӣ дар Лас-Вегас се нафар ҳалок шуданд
Ҳар панҷумин кӯдак дар 40 давлати сарватмандтарини ҷаҳон қашшоқона умр ба сар мебарад
Дар Истанбул тӯфони шадид ба амал омад
Бар асари сӯхтор дар меҳмонхонае дар Алмато 13 нафар ҳалок гардид
Дар натиҷаи сӯхтор дар маркази савдои Покистон 11 нафар ҳалок ва 20 нафар захмӣ гардиданд
Дар Канадаи марказӣ бар асари тирпаронӣ се нафар ҳалок ва ду нафар сахт захмӣ гардиданд
Дар Муғулистон минтақаҳои чорводорӣ метавонанд аз офати табиӣ зарар бинанд
Дар натиҷаи тирпаронӣ дар шаҳри Филаделфияи Амрико ду нафар ҳалок шуд
Гурӯҳи коршиносони Созмони ҳамкории Шанхай масоили таъмини амнияти иттилоотиро баррасӣ намуд
Шабакаи ҳамкорӣ байни академияҳои маъмурии Чин ва давлатҳои Осиёи Марказӣ ба кор шуруъ намуд
Дар шимоли Фаронса муассисаҳои таълимӣ муваққатан баста шуданд
1 ноябр ваколатдорони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар Минск ҷамъ меоянд