САНОАТ — МУҲАРРИКИ АСОСИИ ИҚТИСОДИЁТ. Тоҷикистон дорои заминаҳои воқеии рушди саноат аст, ки барои пешрафти истеҳсолоти миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад

Апрель 15, 2021 13:20

ДУШАНБЕ, 15.04.2021. АМИТ «Ховар»/. Саноат яке аз соҳаҳои калидии иқтисоди мамлакатҳо ва тавлидкунандаи асосии неъматҳои моддӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти бахшҳои дигари иқтисодиёт заминаи мусоид мегузорад ва нуфузу мавқеи давлатро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд. Бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ 26 декабри соли 2018 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат саноатикунонии босуръати кишварро ҳадафи чоруми миллӣ эълон карданд.

Роҳбари Котиботи Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ Нуъмон АБДУҒАФФОРЗОДА доир ба рушди соҳаи саноат ва саҳми он дар рушди иқтисоди миллӣ  дар суҳбат бо АМИТ «Ховар» чунин ибрози андеша намуд:

— Истеҳсолоти саноатӣ назар ба дигар соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла кишоварзӣ тадриҷан рушд намуда, саҳми он дар таъмини шуғли аҳолӣ, содироти маҳсулот, афзоиши Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва дар маҷмӯъ рушди иқтисодии кишварҳо нақши бузург пайдо кардааст. Марҳилаҳои аввали ташаккули соҳаҳои саноат асосан ба давлатҳои ИМА ва Аврупои ғарбӣ рост омада, дар натиҷаи аз доираҳои миллӣ берун омадани истеҳсолоти саноатии ин мамлакатҳо рушди он дар дигар кишварҳо низ шурўъ шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои заминаҳои воқеии рушди саноат, аз ҷумла захираҳои бойи табиӣ, қувваи корӣ, манбаҳои кофии энергияи сабз, мавқеи мусоиди ҷуғрофӣ, мавҷудияти бозорҳои дохиливу хориҷӣ, иқлими мусоид барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар омилҳои пешбарандаи истеҳсолоти саноатӣ аст, ки барои тараққиёти босуръати тамоми бахшҳои он, бахусус саноати маъдан ва металлургия, мошинсозӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати сабук, хӯрокворӣ, дорусозиву кимиё ва дар ин замина ба рушди истеҳсолоти миллӣ шароити мусоид фароҳам меорад.

Барои рушди соҳаи саноат якчанд барномаву стратегия ва нақшаи чорабиниҳо, аз ҷумла Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030, Барномаи рушди металлургияи ранга ва сиёҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2025, Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022, Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 ва Барномаи рушди қолинбофӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2020, Барномаи саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025 қабул гардиданд. Санадҳои мазкур ба афзун намудани ҳаҷми маҳсулот, таъмини рақобатнокии он, ташкили корхона ва коргоҳҳои нав, таъсиси ҷойҳои корӣ ва гузариши иқтисодиёти кишвар аз шакли тавлидкунандаи ашёи хом ба истеҳсолкунандаи маҳсулоти ниҳоӣ бо арзиши иловашудаи баланд замина мегузорад.

Дар натиҷаи тадбирҳои амалигардида саҳми соҳаи саноат дар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ аз 12,1 фоизи соли 2014 ба 17,4 фоиз дар соли 2020 расонида шуд.

Рушди саноат ва истеҳсолоти миллӣ бо истифодаи ашёи хоми ватанӣ метавонад ба таъсиси корхонаҳои истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ, гардиши дохилии молу маҳсулот, устувории низоми иқтисодӣ ва дар маҷмӯъ ба таъмини зиндагии шоистаи аҳолӣ мусоидат намояд.

Вобаста ба ин, бахши коркарди ашёи хом ва то маҳсулоти ниҳоӣ расонидани он дар ҳамаи бахшҳои соҳаи саноати мамлакат яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, дар ин самт чораҳои зарурӣ амалӣ шуда истодаанд.

Зарур аст, ки захираҳои дохилӣ — ашёи хоми мавҷуда то ба маҳсулоти истеъмолӣ расонида шуда, давра ба давра талаботи дохилӣ аз ҳисоби сарчашмаҳои худӣ таъмин карда шавад. Ин тадбир дар баробари пешгирии хуруҷи асъори хориҷӣ давлати воридкунандаро бомаром ба давлати содиркунандаи маҳсулоти ниҳоӣ табдил дода, инчунин вобастагии мамлкатро аз таъсири омилҳои беруна коҳиш медиҳад. Дар сурати ноустуворӣ дар бозорҳои беруна, муътадилии низоми иқтисодӣ, аз ҷумла нархҳои маҳсулоти асосӣ дар бозори дохилӣ нигоҳ дошта мешавад.

Тоҷикистон дар заминаи рушди саноати ватанӣ ҳадафҳои стратегии худро татбиқ намуда, Ҳукумати мамлакат тавассути сиёсати самараноки саноатӣ, сармоягузорони дохилӣ ва хориҷиро ҷалб менамояд ва захираҳои дохилии худро барои баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолии кишвар бомаром истифода намуда истодааст.

Таъмини рушди босуръати саноат ба иқтисодиёти ҷумҳурӣ якчанд манфиатҳои иҷтимоию иқтисодӣ дошта, илова ба миқёси воқеии даромад, гарчанде ин омили назаррас аст, рушди саноат дигар афзалиятро доро мебошад. Аз ҷумла, гардиши молию пулии корхонаҳо ва талаботи онҳоро ба асъори миллӣ зиёд карда, барои устувор нигоҳ доштани қурби асъори миллӣ шароит фароҳам меорад; ба устувор гардидани эътимод ба низоми бонкии мамлакат, афзоиши депозитҳо дар бонкҳо, кам шудани талабот ба асъори хориҷӣ ва рушди бозори такрории коғазҳои қиматнок ва биржаҳои фондӣ замина мегузорад; имконияти содиротии мамлакатро васеъ намуда, воридоти бештари асъори хориҷиро ба иқтисодиёти миллӣ таъмин менамояд.

Рушди саноат ва муваффақ шудан ба қонеъгардонии талаботи бозори ҷаҳонӣ симои мамлакатро дар арсаи байналмилалӣ ба таври мусбат инъикос намуда, ҳар давлат бо моли истеҳсолкардааш муаррифӣ карда мешавад. Соҳаи саноат на фақат ҳамчун сарчашмаи даромад хизмат менамояд, инчунин имкониятро барои таҳкими ҷанбаҳои дигари ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар, аз ҷумла ташкили ҷойҳои кории нав, баланд намудани ҳисси ифтихори миллӣ, устувории иқтисодӣ ва густариши муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ фароҳам меорад.

Қобили зикр аст, ки яке аз бахшҳои муҳим саноати сабук ба ҳисоб рафта, он дар иқтисодиёти ҷаҳон саҳми муассир дорад ва дар корхонаҳои нассоҷӣ дар ҷаҳон беш аз 60 миллион кормандон фаъолият мекунанд. Дар Чин саноати сабук 19%-и ММД-ро ташкил медиҳад. Ин танҳо 2% камтар аз даромади соҳаи кишоварзӣ ва нисфи ҳиссаи умумии саноати коркард мебошад.

Саноати сабук инчунин ҳиссаи назарраси ММД-ро дар иқтисодиёти чунин кишварҳо, ба монанди Португалия-22%, Италия-12%, Германия-6%, ИМА-4% ишғол мекунад. Бо назардошти андозаи иқтисодиёти ин кишварҳо метавон гуфт, ки саноати сабук дар ММД ва шуғли умумии аҳолии қобили меҳнат саҳми назаррас дорад.

Бозори ҷаҳонии саноати бофандагӣ ва дӯзандагӣ дар соли 2019 арзиши бозори чаканаи 1.9 триллион доллари амрикоиро ташкил дод ва пешбинӣ шудааст, ки соли 2030 ба 3,3 триллион доллар расад ва бо суръати рушди солонаи 3,5% афзоиш меёбад.

Саноати ҷаҳонии нассоҷӣ тайи чанд соли охир ба яке аз соҳаҳои муҳим табдил ёфта, дар рушди иқтисодӣ саҳми назаррас дорад. Азбаски истеҳсоли нассоҷӣ як соҳаи меҳнатталаб аст, кишварҳои рӯ ба тараққӣ қодиранд, ки изофаи қувваи кории худро барои ворид шудан ба бозор ва оғози раванди бунёди иқтисоди саноатӣ истифода баранд.

Содироти нассоҷӣ ва либос дар якчанд кишварҳо ҳиссаи муҳими содиротро ташкил медиҳад: 85% дар Бангладеш, 59% дар Покистон, 12% дар Туркия ва 11% дар Миср. Ин бахши меҳнатталаб миллионҳо нафарро бо кор таъмин мекунад ва ҳиссаи шуғл дар ин бахш дар шумораи умумии неруи корӣ дар кишварҳои рӯ ба тараққӣ назаррас аст.

Дар ҷумҳурии мо низ саноати сабук яке аз соҳаҳои ояндадору таҳкимбахшандаи иқтисодиёт ба шумор меравад. Зеро дар ҷумҳурӣ заминаҳои устувори рушди ин соҳа мавҷуд буда, имкони истифодаи пурраи захираҳои ашёи хом ва истеҳсоли моли ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир фароҳам оварда шуда истодааст.

Мутобиқи нишондиҳандаҳои омории соли 2020, шумораи корхонаю коргоҳҳои соҳаи саноати сабук қариб 490 корхонаро ташкил дода, ҳиссаи соҳа дар маҷмӯи шумораи корхонаҳои саноатӣ якҷо бо корхонаҳои хурд зиёда аз 21 фоизро ташкил медиҳад.

Бо ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи саноат, аз ҷумла саноати сабук имтиёзҳои назаррас, ба монанди озод намудан аз супоридани андоз аз фоида вобаста ба ҳаҷми сармоягузориҳо аз 2 то 5 сол, озод намудан аз АИИ ва боҷи гумрукӣ барои воридоти дастгоҳҳо ва таҷҳизоти технологӣ, ашёи хом барои истеҳсолот, ки дар ҷумҳурӣ истеҳсол карда намешавад, ба муддати 12 сол аз андози фоида, андози замин ва андози моликият озод кардани корхонаҳои нави коркади нахи пахта то маҳсулоти тайёр дар сурати бунёди занҷираи пурраи коркарди нахи пахта ва дигар имтиёзҳо фароҳам оварда шуда, фазои муосиди сармоягузорӣ муҳайё гардидааст. Тибқи қонунгузории мамлакат соҳибкорону сармоягузорони дохиливу хориҷӣ аз лиҳози ҳуқуқӣ имтиёзҳои якранг доранд.

Барои ба даст овардани нишондиҳандаҳои иқтисодӣ, ки рақобати муваффақро дар бозори ҷаҳонӣ фароҳам меоранд, суръати истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук дар ҷумҳурӣ ба таври назаррас афзоиш дода мешавад.

Маҳсулоти соҳаи саноати сабук, аз ҷумла маҳсулоти нассоҷию дӯзандагӣ, аз қабили риштаи пахтагин, матои пахтагини хом ва тайёр, маҳсулоти кешбофӣ, ҷӯробҳо, либосҳои тайёри дӯхташуда ба якчанд  кишварҳои хориҷи дуру наздик содирот шуда истодаанд.

Дар баробари ин, бо мақсади таъмини рушди саноати сабук, амалӣ намудани якчанд тадбирҳои маҷмӯӣ, аз ҷумла ҷиҳозонидани корхонаҳои амалкунанда бо таҷҳизоти технологии муосир, тақвият бахшидани бахшҳои пахтакорӣ, пиллапарварӣ ва чорводорӣ бо мақсади таъмини корхонаҳои ватанӣ бо ашёи хом; мутобиқ намудани сифати маҳсулот ба талабот ва табъи мизоҷон, мусоид намудани арзиши маҳсулоти ниҳоӣ, ташкили брендҳои нав ва бандубаст, таъмини корхонаҳо бо мутахассисони баландихтисоси муҳандисӣ ва коргарони ихтисосҳои асосӣ, мунтазам баланд бардоштани малакаи касбӣ, васеънамоии дастрасӣ ба маблағгузорӣ барои пурра намудани фондҳои гардишӣ, ташкили кластерҳои агросаноатӣ бо занҷираи арзиши иловашудаи баланд, пайдо намудани бозорҳои нави ҷаҳонӣ ва густариши ҳамкорӣ бо корхонаҳои асосии саноати сабук дар кишварҳои дар ин соҳа пешрафта ҷиҳати қабули фармоиш барои истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Соҳаи дигари муҳим саноати хӯрокворӣ маҳсуб ёфта, бунёди корхонаҳои саноати коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли маводи хўрока дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои соҳибистиқлолӣ, махсусан аз солҳои 2000-ум то имрўз ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Соҳибкорон аввалин шуда, ба бунёди корхонаҳои истеҳсоли маҳсулоти хўрока машғул шуданд.

Миқдори корхонаҳо дар ҳама соҳаҳои саноати хўрокворӣ соли 2020-ум ба зиёда аз 520 адад расонида шуда, ҳиссаи саноати хўрокворӣ дар таркиби маҷмӯи умумии маҳсулоти саноатии мамлакат қариб  23 фоиз ва дар ҳаҷми саноати коркард зиёда аз 37 фоизро ташкил дод.

Дар аксари корхонаҳо технологияи муосири коркард ҷорӣ гардида, бастабандии маҳсулот ба таври муосир роҳандозӣ гардид. Мутахассисони соҳа барои боз ҳам баланд намудани сифати маҳсулот корҳои зиёдеро ба анҷом расонида истодаанд.

Дар баробари ин, то ҳол якчанд навъҳои маҳсулоти хўрокворӣ аз дигар кишварҳо ворид гардида, дар ҳама соҳаҳои саноати хўрокворӣ истифодаи самараноки иқтидорҳои истеҳсолӣ муҳим аст.

Зеро саноати хўрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ дар рушди саноати ҷумҳурӣ саҳми калон дошта, рушди минбаъдаи он метавонад ба иҷрои ҳадафи стратегии таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизои босифат такони ҷиддӣ бахшад.

Барои таъмини рақобатпазирии маҳсулоти хўроквории истеҳсоли корхонаҳои ватанӣ шароити мусоид, аз қабили иқлими муътадил ва аз ҷиҳати экологӣ тоза барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ, сифати баланди таъму лаззати маҳсулот, мавҷудияти бозорҳои дохиливу беруна ва қувваи кории ихтисоснок фароҳам аст.

Дар баробари ин, амалисозии якчанд тадбирҳо, ба монанди роҳандозии нақшаҳои тадқиқоти маркетингӣ; истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, тақвият бахшидани ҷоринамоии технологияҳои нав барои истеҳсоли маҳсулот, тарғибу ташвиқи васеи тамғаи молӣ, аз ҷумла коркарди сомонаҳои корпоративӣ ва ҷойгир кардани онҳо дар шабакаҳои интернетӣ, истифодаи васеи шабакаҳои иҷимоӣ, ташкил кардани намоишгоҳҳо ва ё иштирок дар онҳо, ташкили кластерҳои агросаноатӣ ва дигар чораҳо зарур аст.

Илова ба ин, барои рушди минбаъдаи саноати хўрокворӣ дар Тоҷикистон корҳои зеринро дар ду марҳила амалӣ намудан ба мақсад мувофиқ аст.

Марҳилаи якум дар асоси шартномаҳои муфиди тарафайн ба роҳ мондани ҳамкорӣ байни корхонаҳое, ки фаъолияташон аз истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ вобастагӣ дорад (меваю сабзавот, гӯшт, шир, гандум ва ғайраҳо) ва хоҷагиҳои кишоварзиро фаро мегирад. Дар баробари ин, саҳмгузории корхонаҳои саноатӣ дар парвариши маҳсулоти кишоварзии худӣ дар хоҷагиҳои ёрирасони корхонаҳо, идомаи амалисозии чорабиниҳо ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани борҷомакунӣ ва бандубасти маҳсулот, бунёди корхонаҳои хурди меваю сабзавот, гиёҳҳои табобатӣ, коркарди шир ва гӯшт, ғалладонагиҳо ва зироати равғанидиҳанда дар минтақаҳои дурдасти ҷумҳурӣ дар заминаи ашёи хоми маҳаллӣ муҳим арзёбӣ мегардад.

Марҳилаи дуюм, ки марҳилаи ҳалкунандаи рушди соҳаҳои саноати хўрокворӣ ба шумор меравад, тадбирҳои зерин, аз ҷумла пурра иваз намудани технология ва дастгоҳҳои кӯҳнаи корхонаҳои фаъолияткунанда ба технологияи нави муосир (модернизатсияи истеҳсолот), ташкили кластерҳои агросаноатӣ ва таъмини эҳтиёҷот бо ашёи худӣ (локализатсия), паст кардани тамоюлҳои истеҳсолоти мавсимӣ бо роҳи истифодаи технологияҳои нав, ба истеҳсолот ворид намудани навъҳои гуногуни ашёи хом ва инкишофи инфрасохтори истеҳсолот, ҳавасмандгардонии соҳибкорон нисбат ба афзоиши иқтидорҳои нав ва дигар чораҳои заруриро фарогир аст.

Дар маҷмӯъ, пешравии ояндаи саноати хўрокворӣ бе тараққӣ додани заминаи ашёи хоми кишоварзӣ имконнопазир аст. Афзоиши ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ ба зиёд гардидани миқдори корхонаҳои саноати хӯрокворӣ мусоидат намуда, фаъолияти муназзами корхонаҳоро давоми сол таъмин менамояд.

Дар ҳама давру замон ҳаёти инсонро бунёдкориву созандагӣ, сохтмони роҳҳою нақбҳо, биноҳои маъмурию манзилӣ ҳамроҳӣ менамоянд. Заминаи амалӣ намудани ҳамаи он ободкориҳо рушди истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ ба ҳисоб меравад. Имрўз аҳамияти ин соҳа дар рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳарвақта дида муҳимтар мебошад.

Саноати масолеҳи сохтмонӣ тибқи нақшаву барномаҳои соҳавӣ рушд ёфта, барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат мусоидат намуда истодааст.

Аз ин рў, дар як муддати начандон тўлонӣ, шумораи корхонаҳои саноати масолеҳи сохтмонӣ аз сӣ адади соли 2004 ба 530 корхона дар соли 2020 расонида шуд, инчунин садҳо соҳибкорони инфиродӣ ба истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ машғул шуданд.

Солҳои охир дар соҳа истеҳсоли маҳсулоти нави воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда, аз ҷумла семент, пахтаи минералӣ аз санг, рангҳои аккрилӣ, қубурҳои пластикӣ, хишти ороишӣ, шиферҳои гуногун, сангҳои ороишӣ ва ғайра густариш ёфт.

Тибқи таҳлилҳо, талабот ба масолеҳи сохтмонӣ дар ҷумҳурӣ ҳамасола афзоиш ёфта, таъмини он дар заминаи рушди соҳаи масолеҳи сохтмонӣ ва истифодаи васеи ашёи хоми ватанӣ имконпазир аст.

Бо мақади идомаи ислоҳот ва ба таври назаррас баланд бардоштани саҳми бахшҳои саноат дар рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат дар ҷаласаи ХХ Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ Раиси Шўрои машваратӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба таҳлили вазъи соҳаи саноати кишвар ва муайян намудани имконияти нави баланд бардоштани иқтидорҳои соҳа ва таҳияи тавсияҳои мушаххас супориш доданд.

Дар ин замина, дар бахшҳои заминаи меъёрии ҳуқуқии соҳаи саноат, рушди бахши нассоҷӣ ва дӯзандагӣ, истеҳсоли масолеҳи сохтмон, саноати хўрокворӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, рушди саноати маъдан ва коркарди захираҳои табиӣ, коркарди алюминий, ҷорӣ намудани меъёрҳои байналмилалии сифат ва идоракунии корпоративӣ ва дигар ҷанбаҳои бахши саноат таҳлили ҳамаҷониба гузаронида шуда, натиҷаҳои он дар ҷаласаи XXI Шӯрои машваратӣ 25 феврали соли 2021 баррасӣ карда шуданд.

Тибқи баррасии масъалаҳо ва натиҷаҳои ҷаласа, вобаста ба якчанд  масъалаҳои муҳими таъмини рушди соҳаи саноат, аз ҷумла таҳияи лоиҳаҳои Нақшаи чорабиниҳо оид ба ҷолибгардонии фазои сармоягузорӣ дар соҳаи саноат, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи паркҳои технологӣ” дар таҳрири нав бо назардошти таъсиси паркҳои технологияҳои иттилоотӣ (IT Park), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ”, бо роҳандозии васеи инноватсия дар истеҳолот, татбиқи пурра ва саривақтии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатӣ дар соҳаи саноат”, баланд бардоштани суръати афзоиш ва васеъгардонии истеҳсолоти саноатӣ, рушди кооператсияи истеҳсолӣ, истифодаи самараноки бартариятҳои минтақавии соҳаи саноат, тақвияти истеҳсоли маҳсулоти рақобатноки ба содирот нигаронидашуда ва ивазкунандаи воридот, азнавтаҷҳизонии истеҳсолоти амалкунанда ва таъсиси кластерҳои истеҳсолӣ, таъсиси корхонаҳои нави соҳа ва таҷдиди корхонаҳои амалкунанда бо ҷалби сармояи ватанию хориҷӣ, истифодаи стандартҳои байналмиллии сифат, истифодаи васеи низоми идоракунии корпоративӣ, стандартҳои байналмилалии муҳосиботу ҳисобдорӣ, истифодаи неруи барқ дар ҷараёни истеҳсолӣ, такмил додани барномаҳои таълимии муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ дар асоси талабот ва эҳтиёҷоти бозори меҳнат, густариши ҳамкориҳо бо созмонҳои байналмилалии соҳавӣ, аз ҷумла Ташкилоти СММ оид ба рушди саноат ва дигар самтҳои соҳаи саноат қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Бо итминон метавон изҳор намуд, ки амалишавии қарорҳои қабулнамудаи ҷаласаи XXI Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ба рушди босуръати соҳаи саноат такони нав мебахшад.

ДАР АКСИ АВВАЛ: Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи корхонаи «Ресандаи Тоҷикистон» дар шаҳри Хуҷанд 20 октябри соли 2015. Акс:Хадамоти матбуоти Президенти ҶТ/АМИТ «Ховар»

Апрель 15, 2021 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

СОЛИ 2025 — СОЛИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Дар ин сол Тоҷикистон мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо мегардад
Дар Агентии содироти Тоҷикистон бахшида ба Соли маърифати ҳуқуқӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Барномаи рушди НБО-и «Роғун», марҳилаи 1» 270 миллион доллар ҷудо гардид
ТАВСИЯИ СУДМАНД. Ҳангоми гарм кардани хонаҳо бо ангишт қоидаҳои махсуси истифодаи онро риоя намоед
ИНТИХОБОТ-МАЪРАКАИ МУҲИМИ СИЁСӢ. Он ягона чорабинии сиёсӣ аст, ки дар он ҳама ҳуқуқи иштироки баробар, ошкоро ва озод доранд
Коршиносони ширкати Чин бо шароити хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ дар «Тоҷикаэронавигатсия» шинос шуданд
Озмуни байналмилалии «Кашфи олами моликияти зеҳнӣ» ҷамъбаст шуд
Соли 2024 дар таърихи мушоҳидаҳо соли аз ҳама гармтарин эътироф гардид
Вобаста ба нақши дипломатияи фарҳангӣ дар рушди иқтисоди Тоҷикистон ва Эрон ҳамоиш доир шуд
Мулоқоти Қоҳир Расулзода бо Директори генералии Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб Валид Ал-Баҳар
Бахшида ба Рӯзи кормандони соҳаи энергетика дар неругоҳи «Сангтӯда -1» ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Барои татбиқи лоиҳаи «Маблағгузории устувор барои НБО-и «Роғун» созишномаи молиявӣ ба имзо расид