Дар Тошканд ҷаласаи 45-уми Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии давлатҳои ИДМ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи Намоишгоҳи 21-уми байналмилалии «Нақлиёт ва логистика – TransLogistica Uzbekistan 2025» ҷаласаи навбатии 45-уми Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҷаласа ба мавзуи «Ҳамкории нақлиётӣ ва логистикӣ байни кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар қитъаи Авруосиё» бахшида шуда, дар он роҳбарон ва намояндагони ваколатдори вазорату идораҳои нақлиётии давлатҳои аъзои Машварати ҳамоҳангсозии нақлиётии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил — Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон ва Узбекистон иштирок намуданд.
Иштирокдорони ҷаласа оид ба мусоидат ба рушди логистикаи байналмилалӣ, рақамикунонии равандҳои нақлиётӣ, самтҳои ҳамкории минбаъда дар соҳаи нақлиёт байни кишварҳои Иттиҳод дар қитъаи Авруосиё, ки бузургтарин аз шаш қитъаи рӯи Замин аст, табодули афкор, таҷриба ва пешниҳодҳо карданд.
Дар ҷаласа Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим иброз дошт, ки «минтақаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчун пул байни Аврупо ва Осиё аҳамияти стратегӣ дорад. Ин чиз нақши долонҳои нақлиётии интермодалӣ ва мултимодалии онро барои рушди тиҷорати минтақавӣ ва байналмилалӣ калидӣ мегардонад. Аммо, тавре ки таҷриба нишон медиҳад, бисёре аз ин долонҳо то ҳол бо мушкилоти самаранокии паст, набудани мутобиқат ва инфрасохтори кӯҳна рӯ ба рӯ мешаванд».
Ба ақидаи ӯ, рақамикунонии низоми нақлиётии кишварҳои Иттиҳод имконияти беназиреро барои ҳалли ин мушкилот, беҳдошти равандҳои логистикӣ ва баланд бардоштани рақобатпазирии шабакаҳои нақлиётии минтақа фароҳам меорад.
Дар ин замина Вазири нақлиёти Тоҷикистон ба Стратегияи рақамикунонии долонҳои нақлиётии мултимодалии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ишора кард. Лоиҳаи он дар доираи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 аз ҷониби Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ дар ҳамкорӣ бо Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва уқёнуси Ором ва Комиссияи иқтисодии Аврупои Созмони Милали Муттаҳид таҳия шуда, аз ҷониби сарони Ҳукуматҳои кишварҳои Иттиҳод 29 сентябри соли равон дар шаҳри Минск тасдиқ карда шуд. Гуфта шуд, ки дар замони рушди босуръати технологияҳои рақамӣ соҳаи нақлиёт бо зарурати мутобиқ шудан ба воқеияти нав рӯ ба рӯ мешавад. Дар чунин шароит рақамисозии долонҳои нақлиёт воситаи асосии баланд бардоштани самаранокӣ, устуворӣ ва иқтидори ҳамгироии онҳо мегардад.
Таъкид гардид, ки ҳадафи асосии стратегия рақамисозии ҳамаҷонибаи равандҳои нақлиётӣ ва логистикӣ, фароҳам овардани муҳити ягонаи технологӣ ва иттилоотӣ мебошад, ки ба суръат ва шаффофияти нақлиёт мусоидат мекунад. Ба пешгӯии коршиносони Ширкати лоиҳавию логистикии Русия, ба туфайли рақамикунонии долонҳои нақлиётӣ тиҷорати мутақобили кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил то соли 2029 метавонад 7-8 фоиз афзоиш ёбад. Дар ин хусус stslog.com хабар медиҳад.
АКС: Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






