Рушди технологияҳои рақамӣ дар Тоҷикистон дар Форуми глобалии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсонӣ дар Сеул баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои татбиқи зеҳни сунъӣ бо мақсади рушди устувори мамлакат ва минтақа фаъолона иқдом менамояд. Ин нуктаро Директори Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хуршед Мирзо зимни суханронӣ дар Форуми глобалии технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ (11th Global ICT Leadership Forum) дар шаҳри Сеул иброз намуд.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки форум бо иштироки намояндагони воломақоми кишварҳо, созмонҳои байналмилалӣ, муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ дар соҳаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ баргузор гардид.
Хуршед Мирзо иброз дошт, ки бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба зеҳни сунъӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид. Дар доираи ин қатънома таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар шаҳри Душанбе пешбинӣ карда шудааст.
Инчунин дар ин самт «Стратегияи рушди зеҳни сунъӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардидааст, ки татбиқи он ба рушди бахшҳои муҳими иқтисод, кишоварзӣ, саноат, тандурустӣ, савдо ва молия мусоидат менамояд.
Тоҷикистон ба воситаи рушди инфрасохтори рақамӣ, татбиқи ҳукумати электронӣ, баланд бардоштани саводнокии рақамии аҳолӣ ва тавсеаи ҳамкории байналмилалӣ дар самти технологияи иттилоотӣ барои ноил шудан ба рушди устувор талош менамояд.
Дар доираи форум директори Агентӣ бо роҳбарони созмонҳо ва ширкатҳои пешсафи ҷаҳонӣ якчанд мулоқоти дуҷониба анҷом дод. Зимни он масъалаҳои тавсеаи ҳамкории судманд, ҷалби сармоя ба рушди соҳа ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар Тоҷикистон баррасӣ гардиданд.
АКС: Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






