Дар Ҳисор ҳамоиши илмӣ-амалии минтақавии кишоварзӣ баргузор гардид

Ноябрь 14, 2025 13:45

ДУШАНБЕ, 14.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. 13 ноябр бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон  Зиёзода дар шаҳри Ҳисор дар мавзуи «Роҳҳои таъмини сифати шудгор, татбиқи технологияҳо ва вусъатбахшӣ ба кишти тирамоҳӣ» ҳамоиши илмӣ-амалии минтақавии кишоварзон баргузор гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор.

Дар ҳамоиши минтақавии илмӣ-амалӣ, ки бо ибтикори Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ баргузор гардид, роҳбарону намояндагони вазорату идораҳои марбута,  олимони соҳаи кишоварзӣ ва намояндагони соҳаи кишоварзии шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ибрози назар карданд.

Дар қисмати амалии кори ҳамоиш  иштирокдорон бо фаъолияти  хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Ҳисор шинос шуданд. Аз ҷумла, дар Ҷамоати деҳоти Сомон бо фаъолияти гармхонаи замонавии хоҷагии деҳқонии «Фаррух», дар ҷамоатҳои деҳоти Деҳқонобод, Ҳисор ва шаҳраки Шарора- дар заминҳои обии Ҷамъияти дорои масъулияи маҳдуди  «Латиф Муродов» ва заминҳои лалмии хоҷагии истеҳсолии  «Зироаткор»-и Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «50-солагии Октябр» бо ҷараёни тайёр намудани хок, кишти тирамоҳии гандум ва нашъунамои пиёз шинос шуданд.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар гармхонаҳо ва саҳрои ин хоҷагиҳои кишоварзӣ бо иштирокдорони ҳамоиш дар бораи агротехникаи парвариши сабзавот дар гармхонаҳо, усулҳои беҳтар кардани ҳолати мелиоративии хок ва технологияи кишти сабзавот, ғаладонагиҳо дар шароити заминҳои обӣ ва лалмӣ, муҳлат ва меъёри кишт суҳбат намуд.

Бо тавсияву маслиҳатҳои судманди олимону  мутахассисони соҳа кишоварзон ба вусъат бахшидани кишти тирамоҳӣ, гирифтани ду-се ҳосил аз як замин ва ба ин восита саҳми муносиб гузоштан дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат даъват карда шуданд.

 АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

 

Ноябрь 14, 2025 13:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Вазири молияи Тоҷикистон дар Бангкок бо роҳбарияти Фонди кувайтии рушди иқтисодиёти араб мулоқот намуд
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон, ба пеш!» ду Ёддошти тафоҳум дар соҳаи энергетика ба имзо расид
Дар 25 соли охир аз ҷониби соҳибкорон зиёда аз 4 миллион ҷойи кор таъсис дода шудааст
Дар Душанбе татбиқи «Барномаи рушди таҳвилгарон ва содирот» бо ҳайати Гурӯҳи Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
Дурнамои рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Чехия дар соҳаи нақлиёти роҳи оҳан баррасӣ гардид
Масъалаи истифодаи механизмҳои нави маблағгузорӣ барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ шуд
РУШДИ ИҚТИСОДИ МИЛЛӢ. Дар нуҳ моҳи соли 2026 8,3 фоиз таъмин гардид
Олимони тоҷик парвариши гандуми тирамоҳӣ ва пахтаро дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ намуданд
Ҷалби сармоя барои татбиқи лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон дар Бангкок баррасӣ гардид
«СОҲИБКОРИИ ЗАНОН: ИМКОНИЯТҲО, НАВОВАРӢ ВА РУШДИ УСТУВОР».Таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
Дар мавзуи дастгирии соҳибкорӣ дар 35 соли Истиқлоли давлатӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дар Рим имкониятҳои содиротии маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон муаррифӣ гардиданд