Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зистро дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба истифода дод

Апрель 13, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 13.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан хабар додем, Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода  дар доираи сафари корӣ аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дидан намуд. Бо иштироки  Сарвазири мамлакат  бинои маъмурии бахши ҳифзи муҳити зисти ноҳияи мазкур, ки ҳамчун иншооти ҷашнӣ ба ифтихори 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардидааст, мавриди истифода қарор дода шуд. Дар ин бора аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Масоҳати умумии бино 400 м3 -ро ташкил медиҳад. Бино аз 3 ошёна, 5 утоқи корӣ, 2 утоқи истироҳатӣ ва 1 адад толори хурд барои баргузории маҷлисҳои бахш иборат мебошад.

Фармоишгари бинои маъмурӣ Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пудратчӣ ҶДММ “Дилафрӯз” мебошад.

Зимни иҷрои корҳои сохтмонӣ аз 15 то 20 нафар сокинони маҳаллӣ бо кор ва маоши хуб таъмин гардидаанд.

Атрофи бинои мазкур чароғон ва ободу зебо гардонида шуда, гулу буттаҳо ва ниҳолҳои дарахтони сояафкану ороишӣ шинонида шудаанд.

Баъд аз ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ  Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода ҳамроҳ бо раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода дар хоҷагии деҳқонии «Раҳмат-3»-и Ҷамоати деҳоти Яккатути ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба кишти пахта оғоз намуд. Майдони умумии ин хочагии деҳқонӣ 13 гектарро дар бар гирифта, дар 10 гектари он чигит кишт карда мешавад. Дар 2 гектар гандум кишт шуда, дар 1 гектари дигараш маҳсулоти  полезӣ кишт шудааст, ки нашъу намояш хуб мебошад.

Майдони заминҳои корами ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ 15 508 гектарро дар бар мегирад, ки аз ин дар майдони 8100 гектар кишти чигит дар назар аст. Дар айни замон дар майдони 6600 гектар пунбадона кишт шудааст.

Апрель 13, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳри Кӯлоб ва ноҳияҳои Зафарободу Абдураҳмони Ҷомӣ баргузор мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Муъминобод 200 иншооти таъйиноти гуногун ба истифода дода шуд
Дар Тоҷикистон дар шаш моҳ 87 иншооти варзишӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе рӯзҳои фарҳанги шаҳрҳои Кӯлоб, Хуҷанд, Левакант ва ноҳияҳои Зафаробод, Абдураҳмони Ҷомӣ ва Темурмалик доир мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар деҳаи Нақшбандони шаҳри Турсунзода соҳибкор муассисаи томактабӣ бунёд менамояд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Вахш муассисаҳои таълимию томактабӣ ва варзишгоҳи марказӣ бунёд мегарданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Душанбе Озмоишгоҳи нави ҷумҳуриявии санҷиши сифати маҳсулоти кишоварзӣ ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯлоб сохтмони филиали Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф идома дорад
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои Вазорати адлия
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону кормандони мақомоти адлияи кишвар мулоқот намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Вазорати адлияро ифтитоҳ намуданд
Дар Рӯзи фарҳанги шаҳри Истаравшан ганҷинаи нотакрори ҳунар пешниҳоди сокинони пойтахт гардид