Шаби гузашта таркиши шадид Кобулро такон дод
ДУШАНБЕ, 21.04.2021 /АМИТ «Ховар»/ Як манбаи амниятӣ ба TOLOnews гуфт, ки таркиш дар натиҷаи ҳамлаи маргталаб бо истифодаи мошин — бомба ба неруҳои амнияти миллӣ рух додааст. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ки садои он ба ҳадде баланд буд, ки онро дар бисёре аз нуқоти шаҳри Кобули Афғонистон шунидан мумкин буд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба шабакаи телевизионии tolonews.com. ва рӯзномаи «8 Субҳ».
Манбаъ афзудааст, ки корвони мошинҳои амнияти миллӣ ҳангоми ворид шудан ба як шӯъбаи Раёсати амнияти миллӣ дар чорроҳаи «Шаҳид»-и шаҳри Кобул-пойтахти Афғонистон ҳадафи ҳамлаи маргталаб бо истифодаи мошин — бомба қарор гирифт.
Дар асоси хабари манбаъ, таркиш ҳатман талафот ва хисорот ба бор овардааст, аммо теъдоди дақиқ он маълум нест.
Дар иртибот ба ин ҳодиса рӯзномаи «8 Субҳ» бо истинод ба маълумоти Вазорати умури дохилӣ навиштааст, ки таркиши шадид соати 21:50 дақиқаи шаби сешанбе (20 апрел) дар чорроҳаи «Шаҳид» -и шаҳри Кобул рух дод.
Ҳамид Равшан, муовини сухангӯи Вазорати корҳои дохилӣ гуфтааст, ки дар натиҷаи таркиш панҷ нафар, аз ҷумла низомиён ва шаҳрвандон маҷрӯҳ шуданд, инчунин ба мошинҳо, фурӯшгоҳҳо ва хонаҳои маскунии атрофи маҳали ҳодиса зарари калони молӣ расонда шудааст.
Касе ё гурӯҳе масъулияти таркишро бар дӯш нагирифтааст.








Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд
Дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе нақшаи даъвати ҳарбӣ 100 фоиз иҷро гардид
Намояндагони мақомоти судии Тоҷикистон ва Узбекистон дар Минск густариши муносибатҳои судӣ-ҳуқуқиро баррасӣ намуданд






