Созишномаҳои грантӣ, қарзӣ ва кафолатӣ барои маблағгузории лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» ба имзо расиданд
ДУШАНБЕ, 29.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. 29 апрел дар Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишномаи грантӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, Созишномаи қарзӣ байни ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд, инчунин Созишнома оид ба пешниҳоди кафолат байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои маблағгузории лоиҳаи «Кам намудани талафоти неруи барқ дар вилояти Хатлон» дар ҳаҷми 35 млн евро, аз ҷумла 15 млн евро ҳамчун маблағи грантӣ аз ҷониби Иттиҳоди Аврупо ва 20 млн евро қарз аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд ба имзо расонида шуд.
Тавре аз Вазорати молия ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, созишномаҳои мазкурро аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Вазири молияи мамлакат Файзиддин Қаҳҳорзода, аз тарафи Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд хонум Айтен Рустамова, Роҳбари Намояндагии Бонки мазкур дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз тарафи ҶСК «Шабакаҳои тақсимоти барқ» директори генералӣ Умед Билолзода ба имзо расониданд. Инчунин дар маросими баимзорасонӣ Сафири Иттиҳоди Аврупо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – хонум Мэрилин Йосефсон иштирок намуд.
Лоиҳа дар минтақаи Хатлон, шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар амалӣ гардида, дар доираи татбиқи он иҷрои корҳо вобаста ба ҷорӣ намудани низоми биллингӣ дар шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, инчунин таҷдиду навсозии 2 адад зеристгоҳи мавҷуда, аз ҷумла зеристгоҳи «Бохтар»-110/10кВ ва зеристгоҳи «Кӯлоб»-110/35/10кВ, инчунин сохтмони зеристгоҳи нави 110/35/10 кВ дар шаҳри Кӯлоб ба нақша гирифта шудааст.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2021 оғоз гардида, соли 2025 ба анҷом мерасад.
Мақсади Лоиҳа кам намудани талафоти техникӣ ва тиҷоратии неруи барқ тавассути қисман таҷдид намудани шабакаҳои барқӣ, бакордарории системаи баҳисобгирии биллингӣ, инчунин насбу васли ҳисобкунакҳои барқии электронии интеллектуалӣ мебошад.








Дар Форуми дуюми байналмилалии сармоягузории Озарбойҷон имконоти сармоягузории Тоҷикистон муаррифӣ карда шуд
Ҷалби сармояи Британияи Кабир ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар ҷаласаи Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоӣ рушди ҳамкории байнидавлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ баррасӣ шуд
Дар Урумчӣ масъалаҳои тавсеаи ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Синзян баррасӣ шуданд
Дар Душанбе масъалаҳои идоракунии муосири таваккал дар фаъолияти гумрукӣ баррасӣ шуданд
Масоили табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисони тоҷик дар озмоишгоҳҳои Институти байтории Италия баррасӣ гардид
Байни мақомоти гумруки Тоҷикистон ва Русия Протокол ба имзо расонида шуд
Дар Минск масъалаҳои рушди ҳамкории геологӣ дар доираи ИДМ баррасӣ гардиданд
Дар вилояти Суғд ҳар сол қариб дар 35 ҳазор гектар кишти такрорӣ гузаронида мешавад
Густариши робитаҳои мустақими соҳибкорӣ байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ гардид
Рушди робитаҳои тиҷоратию сармоягузории бахши хусусӣ байни Тоҷикистон ва Чин баррасӣ карда шуд
Дурнамои ҳамкорӣ байни вазоратҳои молияи Тоҷикистон ва Полша баррасӣ гардид






