СУТ: Эмгузаронии зидди COVID-19 дар 190 кишвар оғоз ёфт
ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Эмгузаронӣ алайҳи коронавирус, ки боиси бемории COVID-19 мешавад, аллакай дар 190 кишвар оғоз ёфтааст ва ин дар ҳолест, ки 86 кишвар ваксинаҳоро аз тариқи механизми байналмилалии COVAX дарёфт намудаанд. Ин маълумотро Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Аданом Гебрейесус 6 апрел зимни брифинг дар Женева пешниҳод кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».
«Дар оғози соли равон ман аз тамоми кишварҳо даъват карда будам, ки дар 100 рӯзи аввали соли 2021 эмкунии кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигаронро оғоз кунанд. Ҳамин ҳафта 100 рӯз ба поён мерасад ва 190 кишвар ва иқтисод ба эмгузаронӣ оғоз карданд», — иброз дошт роҳбари СУТ. Вай афзуд, ки COVAX аллакай ба 86 кишвар ва иқтисод 36 миллион воя таҳвил додааст ва давоми ин ҳафта ин рақам метавонад ба 100 бирасад.
Ба гуфтаи ӯ, дар мубориза бо коронавирус набояд ҳеҷ кас дар канор бимонад. «Масъалаи ҳалношудаи афзоиши истеҳсол ва тақсимоти баробари ваксинаҳо монеаи асосӣ дар роҳи қатъи марҳилаи шадиди пандемия боқӣ мемонад», — зикр кард Тедрос Аданом Гебрейесус.
СУТ ба механизми COVAX, ки дар он 190 кишвар ва иқтисод шомил мебошанд, аҳамияти калон медиҳад. Мутобиқи шартҳои барнома, кишварҳои дорои даромади баланд харидории ваксинаро барои кишварҳои камдаромад маблағгузорӣ мекунанд. Тибқи нақшаҳо, то охири соли 2021 бояд 2 миллиард воя ваксинаҳои COVID-19 истеҳсол ва дар ҷаҳон баробар тақсим карда шаванд.
АКСИ: REUTERS








Дар шаҳри Душанбе бо мақсади муаррифии дастовардҳои Тоҷикистон дар самти эҳёи ёдгориҳои таърихӣ ҳамоиш доир шуд
Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини ноҳияи Ҷайҳун дар замини наздиҳавлигияш киштро барои ҳосили дуюм оғоз намуд
Имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон дар 14-умин Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Макао муаррифӣ мегарданд
Нақшаи даъвати баҳории шаҳрвандони Тоҷикистон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ беш аз 80 фоиз иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи Гурӯҳи кории минтақавӣ оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуд
Вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои ИДМ тарҳи таҳрири нави қонуни намунавии «Дар бораи мақоми ваколатдори ҳуқуқи инсон»-ро тасдиқ намуданд
Дар Хуҷанд сеюмин Фестивал-намоишгоҳи байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – 2026 баргузор гардид






