СУТ: Эмгузаронии зидди COVID-19 дар 190 кишвар оғоз ёфт

Апрель 7, 2021 11:17

ДУШАНБЕ, 07.04.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Эмгузаронӣ алайҳи коронавирус, ки боиси бемории COVID-19 мешавад, аллакай дар 190 кишвар оғоз ёфтааст ва ин дар ҳолест, ки 86 кишвар ваксинаҳоро аз тариқи механизми байналмилалии COVAX дарёфт намудаанд. Ин маълумотро Директори генералии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) Тедрос Аданом Гебрейесус 6 апрел зимни брифинг дар Женева пешниҳод кард, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

«Дар оғози соли равон ман аз тамоми кишварҳо даъват карда будам, ки дар 100 рӯзи аввали соли 2021 эмкунии кормандони соҳаи тандурустӣ ва дигаронро оғоз кунанд. Ҳамин ҳафта 100 рӯз ба поён мерасад ва 190 кишвар ва иқтисод ба эмгузаронӣ оғоз карданд», — иброз дошт роҳбари СУТ. Вай афзуд, ки COVAX аллакай ба 86 кишвар ва иқтисод 36 миллион воя таҳвил додааст ва давоми ин ҳафта ин рақам метавонад ба 100 бирасад.

Ба гуфтаи ӯ, дар мубориза бо коронавирус набояд ҳеҷ кас дар канор бимонад. «Масъалаи ҳалношудаи афзоиши истеҳсол ва тақсимоти баробари ваксинаҳо монеаи асосӣ дар роҳи қатъи марҳилаи шадиди пандемия боқӣ мемонад»,  — зикр кард Тедрос Аданом Гебрейесус.

СУТ ба механизми COVAX, ки дар он 190 кишвар ва иқтисод шомил мебошанд, аҳамияти калон медиҳад. Мутобиқи шартҳои барнома, кишварҳои дорои даромади баланд харидории ваксинаро барои кишварҳои камдаромад маблағгузорӣ мекунанд. Тибқи нақшаҳо, то охири соли 2021 бояд 2 миллиард воя ваксинаҳои COVID-19 истеҳсол ва дар ҷаҳон баробар тақсим карда шаванд.

                                                                                   АКСИ: REUTERS

Апрель 7, 2021 11:17

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»