ЗЕРИ ПАРЧАМИ НАНГУ НОМУС. Ҷавонони Кӯлоб ба хизмати Ватан сафарбар гардиданд

Апрель 2, 2021 11:48

ДУШАНБЕ, 02.04.2021. /АМИТ«Ховар»/. 1 апрел ҷавонони шаҳри Кӯлоб ба хотири ҳимояи марзу буми Ватан ва зери парчами нангу номус дар комиссариати ҳарбии шаҳри Кӯлоб ҷамъ омаданд, то хизмати Модар-Ватанро сарбаландона иҷро намоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар доданд, дар маросими гусел Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода, шоирону адибон,  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, собиқадорон ва фаъолон иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Кӯлоб Абдуқодир Вализода иброз дошт, ки бо Фармони Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 апрел  даъвати баҳории наваскарон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардид. Мояи ифтихор ва шукргузорист, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат сулҳу ҳукмфармо буда, мардум дар фазои орому осуда кору зиндагӣ доранд. Хизмат мактаби шарафу номус, мардонагию шуҷоатмандӣ буда, маҳз ҳамчун шахсият шинохта шудани мард аз ҳамин  мактаб ибтидо мегирад.

Ҳамоиш бо баромади  ҳунармандони  бахши фарҳанги шаҳр ва рақсу бозии наваскарон интиҳо ёфт. Наваскарон бо рӯҳи болида ва сари баланд ба хизмати Модар- Ватан  раҳсипор гардиданд.

АКСҲО:  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб

Апрель 2, 2021 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
3 ОКТЯБР–РӮЗИ ТАЪСИСИ «ТЕЛЕВИЗИОНИ ТОҶИКИСТОН». Ин шабака дастовардҳои миллатро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ менамояд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд