16 май дар Тоҷикистон Дави миллӣ баргузор мегардад

Май 8, 2021 08:45

ДУШАНБЕ, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон 16 майи соли 2021, соати 8:00 дар ҷумҳурӣ Дави миллӣ баргузор мегардад.

Тавре  аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳамасола якшанбеи сеюми моҳи май дар Тоҷикистон Рӯзи Дави миллӣ баргузор шуда, мақсад аз баргузории ин рӯз таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ дар саросари мамлакат мебошад.  

Маросими ифтитоҳи  Дави миллӣ аз даромадгоҳи маҳаллаи Чорбоғ оғоз шуда, иштирокчиён тавассути хиёбони Ҳофизи Шерозӣ то Наврӯзгоҳ миёни ҳам сабқат менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки бо мақсади иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28 марти соли 2007 ҳамасола дар саросари мамлакат Дави миллӣ доир карда мешавад.

Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Май 8, 2021 08:45

Хабарҳои дигари ин бахш

ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад