ҶАБҲАИ БУЗУРГИ СОЗАНДАГӢ ДАР ШАҲРУ ДЕҲОТИ ТОҶИКИСТОН. Дар Фархор 90 фоизи иншооти ҷашнӣ бунёд шудааст

Май 6, 2021 14:32

ФАРХОР,  06.05.2021  /АМИТ  «Ховар»/. Тибқи нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Фархор, бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2021 дар ноҳия дар маҷмӯъ сохтмону навсозии 470 иншоот ба нақша гирифта шудааст. То имрӯз 421 адади он ба истифода супорида шудааст, ки 90 фоизро ташкил медиҳад. Дар иншооти боқимонда корҳои сохтмонӣ муташаккилона ҷараён доранд.

Бино ба иттилои шуъбаи меъморию шаҳрсозии ноҳияи Фархор,  аз ҳисоби ҳамаи манбаҳои маблағгузорӣ дар ноҳия сохтмону навсозии якчанд иншооти таъйиноти гуногун дар назар дошта шудааст.

Тавре мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» хабар медиҳад, ҳоло дар маркази ноҳия аз ҷониби соҳибкорони ватанӣ сохтмони марказҳои савдою хизматрасонӣ ва нуқтаҳои хӯрокӣ умумӣ идома дорад. Бинои ошхонаи «Рисолат» аз 3 ошёна иборат буда, баъди мавриди истифода қарор гирифтани он 10 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷои кори доимӣ таъмин мешаванд.

Корҳои таъмиру навсозии терминали мусофиркашонӣ аз ҷониби сохтмончиён ҷавобгӯ ба талаботи имрӯза вусъат меёбанд. Масъули сохтмони терминали мусофиркашонӣ Умаралӣ Сайдалиев мегӯяд, ки «дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия низ бунёду навсозии иншоот бомаром идома дорад. Корҳои сохтмонӣ дар иншооти қасри фарҳанг бо фармоиши Мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз ҷониби ҶДММ «Консол» бо ҷалби беш аз 50 нафар сохтмончиён ба роҳ монда шудаанд. Бинои маркази хизматрасонӣ аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, дар таҳхона ҷойгиркунонии яхдон барои нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, дар ошёнаи якум бунёди мағозаҳо ва дар ошёнаи дуюм сехи дӯзандагӣ ба нақша гирифта шудааст».

 Акс аз манбаҳои боз

Май 6, 2021 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш

Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон гузаргоҳҳо ва роҳҳои пиёдагард таъмиру навсозӣ мешаванд
Дар вилояти Суғд беш аз 15 ҳазор иншоот бунёд гардидааст
Дар ноҳияи Восеъ муассисаҳои таълимӣ навсозӣ карда мешаванд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони бинои нави муассисаи таълимӣ идома дорад