Ҷамолиддин Абдуллозода аз муассисаҳои тандурустии минтақаи Кӯлоб дидан намуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 май Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба минтақаи Кӯлоб сафар намуда, бо фаъолияти якчанд муассисаҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ шинос шуд.
Дар ҷараёни сафари корӣ Ҷамолиддин Абдуллозода аз Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб дидан намуда, бо ҷараёни фаъолияти шуъбаҳои он шинос гардид.
Аз ҷумла, мавсуф аз шуъбаи сироятии беморхонаи мазкур ва якчанд адад таҷҳизоти тиббие, ки аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон харидорӣ ва дастрас гардида буд, дидан намуда, барои истифодаи самараноки онҳо дар самти ташхис ва табобати аҳолӣ ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъдан ба ноҳияи Восеъ сафар намуда, бо фаъолияти Беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ, Беморхонаи бемориҳои сил ва Беморхонаи марказии ноҳияи мазкур шинос шуда, бо беморон суҳбати озод анҷом дод.
Аснои мулоқот бо беморон Ҷамолиддин Абдуллозода иброз дошт, ки имрӯзҳо соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар меҳвари сиёсати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, баҳри рушду пешрафти соҳа пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешаванд.
Вазири тандурустӣ аз ҷараёни корҳои сохтмонии якчанд иншооти тандурустӣ низ дидан намуд.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар тамоми гӯшаву канори мамлакат корҳои таъмирию тармимӣ ва бунёду навсозии муассисаҳои тандурустӣ бомаром идома доранд.
Акс аз сомонаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ








Дар Москва конгресси 5-уми миллӣ дар соҳаи тиб доир гардид
Дар Ҳисор бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Оид ба Конститутсия ва ҷойгоҳи он дар танзими муносибатҳои идоракунии давлатӣ ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд
«КОНСТИТУТСИЯ-КАФИЛИ АДОЛАТИ СУДӢ». Дар Суди Олии иқтисодии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муассисаи «Шабакаи гармидиҳии шаҳри Душанбе»: «Муштариён метавонанд барои ҳалли мушкилот ба рақами кӯтоҳи 14-44 занг зананд»
Доир ба саҳми академик Муҳаммадҷони Шакурӣ дар рушди илму адаб конференсияи илмӣ баргузор шуд
«КОНСТИТУТСИЯ–ПОЙДОРИИ ДАВЛАТИ ҲУҚУҚБУНЁД». Таҳти чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Роҳҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатро дар шаҳри Кӯлоб баррасӣ намуданд
Дар мавзуи «Конститутсия ва таъмини ҳуқуқ ба озодии эътиқод» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ҷаласаи Шурои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои нави ҳимояи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Данғара нақшаи ҷамъоварии пахта 100 фоиз иҷро гардид






