«Амонатбонк»: Фаъолияти филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии минтақаи Бохтар баррасӣ шуд

Май 27, 2021 16:12

ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Фаъолияти филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии минтақаи Бохтар дар 4 моҳи аввали  соли равон дар ҷаласаи корӣ, ки бо иштироки Раиси Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ва кормандони филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии бонкии  «Амонатбонк» дар минтақаи Бохтар доир шуд, натиҷагирӣ  гардид.

Ба АМИТ «Ховар» аз БДА  «Амонатбонк» иттилоъ доданд, ки дар ҷаласа сардори Идораи танзим ва назорати марказҳои хизматрасонии бонкӣ Ҷӯрабек Ҳақназарзода оид ба фаъолияти марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва филиалҳо дар минтақаи Бохтар дар соли равон гузориш дод.

Зикр шуд, ки дар минтақаи Бохтар 15 филиал ва 100 маркази  хизматрасонии бонкӣ ҳамарӯза ба аҳолии ин минтақа хизмати гуногуни бонкӣ мерасонанд. Дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ амалиёти гуногуни бонкӣ, аз қабили  интиқоли пули шахсони воқеӣ бе кушодани суратҳисоб, хизматрасонии машваратӣ оид ба ҳама гуна амалиёти бонкӣ, амалиёти хазинавӣ, пардохти маблағҳои нафақа ва кумакпулиҳо, қабул ва иваз намудани пулҳои фарсуда, қабули маблағҳои коммуналӣ ва дигар намуди пардохтҳо аз аҳолӣ гузаронида мешаванд.

Кормандони марказҳои хизматрасонии бонкӣ пайваста ба тренинг ва курсҳои омӯзишӣ ҷалб гардида, баҳри баланд бардоштани савияи дониши худ саъю талош меварзанд. Дар ҷаласа натиҷаи нишондиҳандаҳои марказҳои хизматрасонии бонкӣ дар монитор пешкаши кормандон гардида, барои бартараф намудани камбудиҳо пешниҳодҳои сардорони идора ва кормандон шунида шуд.

Аз ҷониби роҳбарияти бонк оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, риояи қатъии қоидаҳои одобу муошират бо мизоҷон ва эҳсоси баланди масъулиятшиносии кормандон дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.

 Аксҳо аз БДА ҶТ «Амонатбонк»

Май 27, 2021 16:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Корти Visa дар Тоҷикистон барои пардохтҳои ғайринақдӣ бо сомонӣ дар 14 бонк дастрас аст
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар «Саноатсодиротбонк» ҷашни Наврӯзро бо анъанаҳои миллӣ истиқбол намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8000 то 11.0867 сомонӣ муқаррар шудааст
Бонки миллии Тоҷикистон дар Душанбе Фестивали саводнокии молиявӣ мегузаронад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1150 то 0.1168 сомонӣ муқаррар шудааст
Рисолати «Амонатбонк» ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон ва кафолати хизматрасонии босифати бонкӣ аст
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 11.0344 то 11.0400 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1198 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 евро аз 10.8300 то 11.0243 сомонӣ муқаррар шудааст
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1195 то 0.1211 сомонӣ муқаррар шудааст