Анҷумани умумиҷаҳонии ваксинаҳо Moderna-ро чун ваксинаи беҳтарини зидди коронавирус эътироф кард

Май 6, 2021 11:14

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Коршиносони Анҷумани умумиҷаҳонии ваксинаҳо — 2021, ки бо сабаби пандемия дар шакли онлайн сурат мегирад, беҳтарин ваксинаи зидди коронавирусро номбар карданд. Дар ин бора дар сомонаи чорабинӣ маълумот дода шудааст, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар анҷуман доруи ширкати амрикоии Moderna дар бахши «Ваксинаи беҳтарин бар зидди COVID» ғолиб дониста шуд.

Ваксинаи русии «Спутник V» ва доруи ширкати бритониёӣ- шведии «AstraZeneca» шомили рӯйхати кӯтоҳи ин номина шуданд.

Зикр карда мешавад, ки ваксинаи консорсиуми амрикоӣ – немисии Pfizer ва BioNTech «сазовори баҳои хеле баланд гардид».

Дар бораи он ки ғолиб ва финалистҳо мутобиқи кадом усул интихоб шудаанд, хабар дода нашудааст.

Пештар Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (СУТ) ваксинаи зиддикоронавирусии  коркарди ширкати биотехнологии амрикоии Moderna -ро ба рӯйхати доруҳо барои истифода дар ҳолатҳои фавқулода дохил карда буд. Ба ҳамин тартиб, Moderna панҷумин ваксинаи зидди коронавирус мебошад, ки созмон онро таъҷилан тасдиқ кардааст. Коршиносони СУТ истифодаи ваксинаро барои беморони аз 18-сола боло тавсия медиҳанд.

Ихтироъкунандаи ваксинаи хеле самараноки зидди COVID-19 (94,5% самаранокӣ) Moderna гуфт, ки ширкат ин доруро дар муддати ду рӯз сохтааст. Гузашта аз ин, ин кор ҳанӯз моҳи январи соли 2020, «вақте ки ҷаҳон нав дар бораи коронавирус маълумот пайдо мекард»,  сурат гирифта буд.

Чунин суръати коркард бо кумаки технологияи фиристонандаи РНК (туршии рибонуклеинат) имконпазир гардид — маҳз ба ҳамин Moderna аз замони таъсиси ширкат такя мекунад, овардааст суханони намояндагони истеҳсолкунандаро «Business Insider». Хулоса карда гӯем, фиристандаи  РНК аслан маводи генетикӣ аст ва ба ҳуҷайраҳо чӣ гуна истеҳсол кардани сафедаҳои лозимаро хабар медиҳад.

Масалан, ваксинаи Moderna организмро барои коркарди сафедаи васлкунандаи бофтаҳо водор мекунад. Бо кумаки он инсон вокуниши эминиро дар муқобили COVID-19 бомуваффақият коркард мекунад. Дар омади гап, ваксинаи истеҳсолкунандаи дигар — «Pfizer» тибқи ҳамин гуна модели шабеҳ кор мекунад.

                                                  АКС аз манбаъҳои бооз

Май 6, 2021 11:14

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»
Пиряхҳо ва дигар манбаъҳои обии Тоҷикистон то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд
Тоҷикистон дар соҳаи дипломатияи об мавқеи фаъол дорад
Тоҷикистон аз пайомадҳои манфии раванди тағйирёбии иқлим нигарон мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Қатъномаи махсуси СММ оид ба эълон кардани «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» мавриди баррасӣ қарор дода шавад»
Президенти Тоҷикистон: «Маҷмаи Умумии СММ имконияти эълон намудани Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқиро мавриди баррасӣ қарор диҳад»
Муҳаммадҷаъфари Ёҳаққӣ: «Мо раҳбари хирадмандеро меситоем, ки дасти як миллатро бар «Шоҳнома»-и устоди Тӯс кушода кард»
Бо пешниҳоди Тоҷикистон 14 қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои обу иқлим қабул гардид