«АССОЛ МОЛДОКМАТОВА ДУРӮҒ ГУФТААСТ». Гузориши хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» аз Туркия

Май 5, 2021 16:53

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 3 майи соли равон котиби генералии форуми Иссиқӯл ба номи Чингиз Айтматов, фаъоли ҷамъиятии Қирғизистон Ассол Молдокматова (ДАР АКС) дар саҳифаи фейсбукиаш хабареро  дар бораи  гӯё вокуниши Президенти Ҷумҳурии Туркия  дар ҷавоб ба мактуби ӯ нашр кард.

Агар ба навиштаи Ассол Молдокматова бовар кунем, гӯё ба ӯ хабар додаанд, ки Президенти Туркия мактуби кушоди шикоятии ӯро дар бораи «таҳдид аз ҷониби Тоҷикистон ба Қирғизистон» дастрас кардааст ва он боиси вокуниши оҷили пешвои Туркия гардидааст.

Фаъоли қирғиз навиштааст:

«Ходими ҷамъиятии Туркия Омер Эрдуғон ба ман ҳозир хабар дод, ки номаи кушоди ман ба дасти Президенти Туркия расидааст ва боиси вокуниши фаврии ҷаноби Раҷап Тайип Эрдуғон шудааст. Ба гуфтаи Омер Эрдуғон, Президенти Туркия Раҷап Тайип Эрдуғон намояндагони Вазорати корҳои хориҷиро даъват намуда, ба онҳо амр додааст, ки  ҷиҳати  такрор накардани чунин иқдомот «бар зидди Ҷумҳурии дӯсти Қирғизистон» ба Тоҷикистон ҳушдор дода шавад».

Дар хабар омадааст, ки гӯё дар ин бора ба Ассол Молдокматова шахсе бо номи Омер Эрдуғон (Ömer Erdoğan) хабар додааст.

Хабарнигори махсуси АМИТ «Ховар» Манижа Мақсуд дар Туркия воқеияти хабари Молдокматоваро санҷида, имрӯз иттилоъ дод, ки котиби генералии форуми Иссиқ-Кӯл гапи набударо бофта баровардааст. Ӯ бидуни азоби виҷдон бо мақсади касби маъруфияти арзон дар ҷомеа дурӯғ гуфтааст.

Дар ягон нашрия  ва ё сомонаи расмииҶумҳурии Туркия маълумот дар бораи «огоҳӣ» — и Эрдуғон нисбат ба Тоҷикистон вуҷуд надорад. Баръакс, сухан дар бораи омодагии Туркия ҷиҳати расонидани кумак ба ҳарду кишвар (Тоҷикистон ва Қирғизистон) меравад.

Пас, чаро Ассол Молдокматова дар мақолаи худ номи Омер Эрдуғонро, ки бо президенти Ҷумҳурии Туркия Эрдуғон ҳеҷ муносибате надорад, ёдовар шудааст? Мо кӯшиш кардем, ки бо Омер вохӯрем ва ин саволро ба худи ӯ бидиҳем, аммо ӯ дар ин мавзӯъ суҳбат кардан нахост. Гап сари чист? Шояд гап сари  ин аст, ки Омер Эрдуғон — филмсоз ва ходими ҷамъиятӣ, соҳиби студияи истеҳсоли KAFYAPIM мебошад. Вай инчунин як китоби дуҷилдаро бо номи «Бедоршавии дашт»- Чингиз Айтматов» навиштааст.

ДАР АКС: Омер Эрдоган бо Ассол Молдокматова

Агар ба ин навиштаҳо таваҷҷуҳ кунем, мебинем, ки байни Омер Эрдуғон ва Ассол Молдокматова, ки дабири кулли Форуми Иссиқ-Кӯл ба номи Чингиз Айтматов дар  Қирғизистон аст, робита вуҷуд дорад. Яъне, яке аз онҳо форуми ба номи Айтматовро роҳбарӣ мекунад ва дигаре китоберо дар бораи Чингиз Айтматов навиштааст.  Бо назардошти ин, шояд  Омер нахост дурӯғи Ассолро рад кунад ва ӯро ранҷонад.

20 ноябри соли 2020 Молдокматова дар саҳифаи худ дар Fawcebook чунин навиштааст (айнан): «Омер Эрдуғон — коргардони номӣ — бо донистани  адабиёти  Чингиз Айтматов маро мутаассир кард. Тафаккури  таҳлилӣ, назари мутавозин, файласуф, зиёӣ. Давоми ду рӯз — суҳбатҳои маънавӣ»…

Чанде пеш Вазири корҳои хориҷии Туркия Мевлют Чавушоғлу дар твиттераш чунин навишт: «Мо бо Вазири корҳои хориҷии Қирғизистон Руслан Казакбоев ва Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Муҳриддин суҳбатҳои телефонии алоҳида доштем. Умедворем, ки мушкилоти ду кишвари бародар роҳи ҳаллу фасли мусолиматомези худро меёбанд. Мо омода ҳастем, ки кумаки зарурӣ расонем. Мо аз мувофиқа дар бораи оташбас қаноатмандем».

Ғайр аз ин, тавре ки Агентии иттилоотии давлатии Туркия «Анадолу» хабар медиҳад, раиси Парлумони Туркия Мустафо Шентоп ҳангоми мулоқот бо дабири кулли Ассамблеяи парлумонии кишварҳои туркзабон гуфт, ки «мо мехоҳем иқдомоти заруриро барои ҳаллу фасли мушкилот байни Қирғизистон ва Тоҷикистон амалӣ намоем, зеро ҳам Қирғизистон ва ҳам Тоҷикистон — кишварҳои дӯст ва бародаранд. Дар ин росто, Ҷумҳурии Туркия ба расонидани ҳар гуна кумак омода аст».

4 май дар Душанбе мулоқоти муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Закӣ Карагёл баргузор гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, дар мулоқот ба Сафири Туркия дар бораи ҳодисаҳои ахир ва вазъи кунунӣ дар марзи давлатии Тоҷикистон ва Қирғизистон маълумот дода шуд. Дар ин росто таъкид гардид, ки Душанбе иродаи қавии сиёсӣ дорад, ки ҳамаи масъалаҳои таъйини ҳудуд ва аломатгузории марз бо Қирғизистонро танҳо аз тариқи музокирот ва бар пояи тавофуқоти қаблии тарафайн ҳаллу фасл кунад.

М.Карагёл бо ишора ба муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Туркия таъкид кард, ки ҷониби туркӣ аз идома ёфтани музокирот байни ҳайатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон ва кӯшишҳои муштарак ҷиҳати ҳалли мусолиматомези ихтилофи марзӣ байни ду кишвари ҳамҷавор ҷонибдорӣ мекунад ва омода аст ба Тоҷикистон ва осебдидагони низои мусаллаҳона кумаки зарурӣ расонад.

                                     АКСҲО аз манбаъҳои боз

P.S. Вақте ин мавод дар сомона нашр шуд, Омер Эрдуғон навиштаи Ассолро аз саҳифаи Фейсбукаш ҳазф намуд. Ва худи Ассол дар саҳифаи худ навиштаи зеринро боқӣ гузошт: «Дар мавриди муколама бо Омер Эрдуғон: он чизеро ки ӯ зимни мукотиба ба ман гуфт, матнро бо ӯ пешакӣ ҳамоҳанг карда, нашр кардам».

Май 5, 2021 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ПАРЧАМЕ, КИ БАЛАНД АСТ ВА САРИ МОРО ҲАМЕША БАЛАНД МЕДОРАД. Андешаҳои Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло дар ин хусус
Нахустин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллӣ ҳифз ва муаррифӣ мешавад
ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ ДАР КУҶО БОЯД НАСБ КАРДА ШАВАД? Вакили Маҷлиси намояндагон ба ин савол посух дод
ИСТИҚЛОЛИЯТ БА ТОҶИКИСТОН ЭМОМАЛӢ РАҲМОН – СИЁСАТМАДОРИ САТҲИ ҶАҲОНИРО ДОД. Эътироф ва тафсири мақоми шоистаи Пешвои миллат аз ҷониби шахсиятҳои ҷаҳон
16 — НОЯБР РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Нигоҳе ба таҳаввул ва ташаккули ниҳоди президентӣ дар Тоҷикистон
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН — ҲАЛЛИ МУШКИЛОТИ ДАР ПЕШОРӮИ ҶОМЕАИ ҶАҲОНӢ ҚАРОРДОШТА. Эҳдо ба Рӯзи Президент
ИДОРАКУНИИ ПРЕЗИДЕНТӢ – шакли муассири идоракунии давлатӣ ва равнақбахши Тоҷикистони соҳибистиқлол
ПРЕЗИДЕНТИ ТАШАББУСКОР. Нақши Сарвари Тоҷикистон дар ҳифзи пиряхҳо ва захираҳои оби тоза дар ҷаҳон беназир ва муассир аст
ТАШАББУСИ ШОИСТАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ БА ХОТИРИ НАСЛҲОИ ОЯНДА. Дар ҳошияи пешниҳоди Президенти Тоҷикистон вобаста ба қабули қатъномаи махсуси СММ оид ба «Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда»
ГЕОСТРАТЕГИЯ ВА ГЕОПОЛИТИКАИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ба Рӯзи Президент бахшида мешавад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиш баргузор шуд
Дар Академияи идоракунии давлатӣ бахшида ба Рӯзи Президент конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ гузаронида шуд