Ҷавонони Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ дар Вахш кумак расониданд
ДУШАНБЕ, 24.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Гурӯҳи калони ихтиёриён аз ҳисоби ҷавонон, иборат аз 40 нафар аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилояти Хатлон дар пайи амалигардонии супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади кумак дар бартараф кардани оқибатҳои офати табиӣ ба ноҳияи Вахши вилояти Хатлон сафар намуданд. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Ихтиёриёни Кумитаи ҳифзи муҳити зист барои тоза кардани манзилҳои истиқоматии сокинони аз офати табиӣ зарардида аз лойқа ва чӯбу хиштҳо ёрии беғаразона расониданд.
Ёдовар мешавем, ки дар натиҷаи бориши боронҳои пай дар пайи шадид 11 -13 май дар якчанд ноҳияҳои вилояти Хатлон ва ноҳияҳои тобеи марказ сел омад, ки дар натиҷа сабаби вайроншавии манзилҳои истиқоматӣ ва шусташавии роҳҳои мошингард гардид.
Акс аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ








Дар ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе кӯдакистони «Парасту» ифтитоҳ гардид
Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ ва тандурустии рақамӣ конференсия доир гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба истифодаи усулҳои гармофизикӣ конференсияи байналмилалӣ баргузор гардид
САЛОМАТИИ ҶОМЕА — САРВАТИ МИЛЛАТ. Истифодаи никотин ба рушди майна ва қобилияти омӯзиш таъсири манфӣ расонад
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 76-уми Кумитаи минтақавии аврупоии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ иштирок намуд
Форуми дувоздаҳуми миллӣ оид ба волоияти қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар 10 моҳи соли 2026 беш аз 9 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Дар Душанбе нахустин Форуми табибон таҳти унвони «Хатти аввал: Форуми табибони амалияи умумӣ» доир шуд
Дар Хатлон ғолибони даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин ҳамсар» муайян шуданд
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсия ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ғолибони даври шаҳрии Озмуни «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон дар соли 2026» қадршиносӣ шуданд
Доир ба нақши Маркази синошиносӣ дар тарҷума ва таҳқиқи осори Ибни Сино конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд






