Аз номи Пешвои миллат ба 87 нафар захмиёни даргириҳои мусаллаҳона кумакпулӣ супорида шуд
ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 май аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як захмии даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел кумакпулиҳо супорида шуданд. Дар маҷмӯъ, ба 87 нафар сокиноне, ки дар натиҷаи даргириҳо захмҳои гуногун бардоштаанд, аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ расонида шуд.
Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баҳри барқарорсозии саломатии сокинон мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз маркази вилоят ва шаҳри Исфара ҷалб гардида, беморон бо дорувории зарурӣ ва хӯроки гарм пурра таъмин мебошанд.
«Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ва Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, захмиёнро аёдат намуд ва зимни супоридани кумакпулиҳо иброз дошт, ки давлату Ҳукумат барои табобати пурраи онҳо шароити зарурӣ фароҳам меоварад. Раҷаббой Аҳмадзода бо беморон суҳбат карда, иброз дошт, ки роҳбарияти мамлакат барои пурра шифо ёфтани захмиён аз тамоми имконият истифода менамояд»,- афзуд манбаъ.
Ёдовар мешавем, ки барои ёрӣ ба оилаҳои ҳалокшуда ва захмбардоштагон 3 миллион сомонӣ кумакпулиҳо ҷудо гардидаанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






