Аз номи Пешвои миллат ба 87 нафар захмиёни даргириҳои мусаллаҳона кумакпулӣ супорида шуд

Май 6, 2021 11:54

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 май аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳар як захмии даргириҳои мусаллаҳонаи рӯзи 29 апрел кумакпулиҳо супорида шуданд. Дар маҷмӯъ, ба 87 нафар сокиноне, ки дар натиҷаи даргириҳо захмҳои гуногун бардоштаанд, аз 10 то 20 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ  расонида шуд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, баҳри барқарорсозии саломатии сокинон мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз маркази вилоят ва шаҳри Исфара ҷалб гардида, беморон бо дорувории зарурӣ ва хӯроки гарм пурра таъмин мебошанд.

«Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба Беморхонаи марказии шаҳри Исфара ва Беморхонаи марказии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рафта, захмиёнро аёдат намуд ва зимни супоридани кумакпулиҳо иброз дошт, ки давлату Ҳукумат барои табобати пурраи онҳо шароити зарурӣ фароҳам меоварад. Раҷаббой Аҳмадзода бо беморон суҳбат карда, иброз дошт, ки роҳбарияти мамлакат барои пурра шифо ёфтани захмиён аз тамоми имконият истифода менамояд»,- афзуд манбаъ.

Ёдовар мешавем, ки барои ёрӣ ба оилаҳои ҳалокшуда ва захмбардоштагон 3 миллион сомонӣ кумакпулиҳо ҷудо гардидаанд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 6, 2021 11:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад