Ба ҳар оилаи шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ фавтида аз номи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон 70 ҳазор сомонӣ кумакҳои пулӣ расонида шуданд

Май 5, 2021 15:37

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз номи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ фавтида ба миқдори 70 ҳазор сомонӣ, дар маҷмӯъ 700 ҳазор сомонӣ кумакпулӣ супорида шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

5 майи соли 2021 Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи далатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабалӣ Раҳмоналӣ ба манзили шахсони дар натиҷаи муноқишаҳои мусаллаҳонаи марзӣ ҳалокшуда рафта, аз номи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба наздикону пайвандони шаҳидон таъзия баён карданд.

Раиси вилоят ва фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзили шахсони марҳум- сокини Ҷамоати деҳоти Сурх — Бахтовар Маҳмудов, сокинони Ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ — Собир Ваҳобов, Манучеҳр Қаландаров, Ҳакимбой Ниёзов, Нусратулло Набиев, Ҳасанхон Шаропов, Далер Эшонов, Иброҳим Ҳошимзода, Ҳикматулло Махкамов ва сокини Ҷамоати деҳоти Ворух — Меҳрӯзиддин Болтаев рафта, аз номи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи онҳо изҳори таслият намуданд.

Таъкид карда шуд, ки қаҳрамониҳои фарзандони шуҷои Ватан ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва ҷоннисориҳои фарзонагони давр, ки барои ҳифзи хоки сарзамин синаи худро сипар сохтанд, дар саҳифаҳои таърихи миллат абадан сабт мегарданд.

Зимнан падари Ҳакимбой Ниёзов изҳор дошт, ки “ҳифзи марзи Ватан қарзи шаҳрвандии мост ва мо бо тамоми неру барои ҳимояи кишвар омода ҳастем”.

Раҷаббой Аҳмадзода илова кард, ки давлату Ҳукумат аҳли оилаи шахсони фавтидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузорад ва ҳамеша барои дастгирии онҳо, аз ҷумла фарзандони шаҳидон чораҷӯӣ мекунад. То ба синни балоғат расидани фарзандони шахсони марҳум ба таълиму тарбияи онҳо таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, пас аз хатми мактаби миёна тавассути квотаҳо барои таҳсили онҳо дар муассисаҳои олӣ мусоидат карда хоҳад шуд. Ҳамзамон барои поси хотири шаҳидон лавҳаи ёдбуд гузошта мешавад.

 АКСҲО аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 5, 2021 15:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон