Бар асари обхезӣ дар Афғонистон 34 нафар ҳалок шуданд

Май 6, 2021 11:27

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар чанд вилояти Афғонистон дар натиҷаи обхезиҳо, ки бар асари боронгариҳои шадид ба амал омадаанд, 34 тан ҳалок шудаанд. Дар ин бора ТАСС бо истинод ба шабакаи «1TV» хабар медиҳад.

Тавре ки ҳукуматҳои маҳаллӣ хабар додаанд, дар авҷи фалокати табиӣ 4 нафар маҷрӯҳ ва 14 нафари дигар бедарак гум шудаанд. Дар бораи вазъи осебдидагон маълумот оварда нашудааст.

Қаблан шабакаи телевизионии «Tolo News» бо истинод ба ҳукуматҳои маҳаллӣ хабар дода буд, ки дар натиҷаи обхезиҳои шадид дар вилояти Ҳирот 14 нафар  ҳалок шуданд. Инчунин зикр шуда буд, ки миёни қурбониёни ҳодиса дар минтақаи Адраскан чор нафар кӯдак низ буданд.

Заминҳои кишоварзӣ зарар дида, даҳҳо сар чорвои калони шохдор ҳалок шудаанд.

                                                                               АКС аз манбаҳои озод

Май 6, 2021 11:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Палатаи поёнии парлумони Беларус дар ҳайати пурра интихоб гардид
Қатар барои шаҳрвандони Тоҷикистон раводидро бекор намуд
Прабово Субианто дар интихоботи президенти Индонезия пирӯз гардид
Директори генералии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Тедрос Аданом Гебрейесус изҳор намуд, ки ҷаҳон ба пандемияи нав омода нест
Александр Стубб дар интихоботи президентии Финландия пирӯз шуд
Дар интихоботи президентии Озарбойҷон Илҳом Алиев бо гирифтани 92,05% овози интихобкунандагон пешсаф мебошад
Теъдоди ҳалокшудагон бар асари сӯхтори ҷангал дар Чили ба 131 нафар расид
Имрӯз дар Озарбойҷон интихоботи ғайринавбатии президентӣ баргузор мешавад
Олжас Бектенов сарвазири нави Қазоқистон таъйин шуд
Дар Озарбойҷон пеш аз баргузории интихоботи президентӣ рӯзи хомӯшӣ эълон гардидааст
Бо сабаби барфи зиёд дар минтақаи Токио 1,8 ҳазор манзил бе барқ мемонанд
ТУРКИЯ ФАЛОКАТИ АСРРО БА ҲАМРАЪЙИИ АСР ТАБДИЛ ДОД. Имрӯз аз заминларзаи шадиди Туркия як сол сипарӣ гардид