Бо сокинони ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон ва Ховалинг оид ба таҷлили сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ силсиламулоқотҳо доир гардиданд

Май 29, 2021 09:05

ДУШАНБЕ, 29.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 28 майи соли равон  гурӯҳи кории Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон  ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ,   арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги умумимиллӣ 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо доираи васеи шаҳрвандон,   сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, устодону донишҷӯёни коллеҷу литсейҳои касбии ноҳияҳои Данғара, Темурмалик, Балҷувон, Ховалинг ва устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Данғара, Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон мулоқоту суҳбатҳо доир намуданд.

Дар ин бора  ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Аз рӯйи нақша гурӯҳи таблиғотӣ дар ноҳияҳо ба зергурӯҳҳо тақсим шуда, дар ҳар як ноҳия ҳафт вохӯрӣ ва  дар маҷмӯъ 28 суҳбату вохӯриҳоро баргузор намуданд. Ҳайати гурӯҳи корӣ дар баромаду музокираҳо оид ба паҳлӯҳои гуногуни соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, сиёсиву фарҳангӣ, маориф ва тандурустӣ, дастовардҳои 30-соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо заҳмату талошҳо ва таҷрибаи сулҳофаринию бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯи кор омадаанд, андешаронӣ намуда, иброз доштанд, ки вазъи сиёсию идеологӣ ва пешбурди корҳои   созандагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни    Истиқлоли давлатӣ, ки   шукуҳу шаҳомати хоссаро имрӯзҳо касб намудааст, дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои Данғара, Балҷувон, Ховалинг ва Темурмалик бараъло  мушоҳида карда мешавад.

Иштироккунандагон дар вохӯриҳо сиёсати хирадмандонаи   Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ ва ҷонибдорӣ намуда, баҳри  ҳаёту фаъолияти корию зиндагии худ бо меҳнати софдилона камари ҳиммат бастаанд. Шаҳрвандон дастуру ҳидоятҳои  Президенти мамлакатро дар фаъолияти худ мавриди амал қарор дода, соҳибкорону шаҳрвандон барои корҳои ободонию созандагии диёри худ ҳиссаи арзандаи хешро гузошта истодаанд. Дар сохтмон ва бунёду азнавсозии иншооти хурду бузурги ҳаётан муҳим, дар ҳашарҳои умумии кабӯдизоркунӣ, тозакории гулгашту хиёбонҳо ва шинондани дарахтони гуногун саҳми ҷавонон ба мушоҳида расид.

Маълум гардид, ки  дар ҳамаи ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияҳои  Данғара, Темурмалик, Балҷувон ва Ховалинг   ҳар ҳафта се маротиба ҳашарҳои умумӣ ва соатҳои экологӣ бо ҷалби  тамоми шаҳрвандон ташкилу баргузор гардидаистодааст ва ин иқдом пайваста идома меёбад. Чорабиниҳои  дастаҷамъонаи тарбиявию фарҳангӣ дар самти бедор намудани ҳисси миллию дарки хештаншиносӣ ва ватанпарастии ҷавонон, арҷгузорӣ  ба арзишҳои миллӣ ба таври доимӣ сурат мегиранд.

Вазифагузорӣ дар самти ташкил ва баргузор намудани озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи донои китоб аст”, “Тоҷикистон — Ватани  азизи ман” ва “Илм — фурӯғи маърифат” давра ба давра роҳандозӣ гардидаистодаанд. Дар  мулоқот бо ҷавонон бештар дар мавзуҳои дастовардҳои 30-соли Истиқлоли давлатӣ, таҳдиду хатари падидаҳои номатлуб ба тафаккури мардум, хусусан ҷавонон,   пешгирӣ аз истифодаи нодурусти сомонаҳои интернетӣ ва шабакаҳои  иҷтимоӣ,  аз байн бурдани  хурофотпарастӣ, оқибатҳои ногувори террористиву ифротгароӣ дар ҷаҳони муосир маълумоти муфасал пешниҳод гардид ва   доир ба дигар мавзуъоти муҳими рӯз низ,   чунин вохӯриҳои судманд   анҷом дода шуданд.

Май 29, 2021 09:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳри Бохтар аз ҷониби Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон 933 чорабинӣ доир карда шуд
Дар Тоҷикистон беш аз 45 миллион адад дору ва молҳои тиббӣ истеҳсол гардидаанд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда дар назар аст
28 июл дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон дар беш аз 526 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ба истифода дода шудаанд
Байни Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Институти миллии тадқиқоти амниятии Муғулистон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорат ба 38 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд
Тоҷикистон мубодилаи почтаро бо Русия барқарор намуд
Сокинони деҳаҳои Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Турсунзода бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд
Барои кормандони мақомоти молияи минтақаи Рашт машварати омӯзишӣ гузаронида шуд
25 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мегарданд