Бо ташаббуси Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ба 122 нафар ниёзманд аз ВМКБ кумакҳо тақдим гардиданд

Май 12, 2021 15:00

ДУШАНБЕ, 12.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди Фитр ба 122 нафар маъюб аз оилаҳои ниёзманди Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон кумакҳо тақдим гардиданд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ хабар медиҳад.

Кумакҳоро дар вазъияти тантанавӣ муовини якуми Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Фирдавс Ҳаётзода, Вазири тандурусти ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Ҷамолиддин Абдулозода ва Раиси ВМКБ Ёдгор Файзов тақдим намуданд.

Кумаки мазкур аз аробачаҳои  маъюбӣ ва маводҳои ғизо, аз қабили орд, шакар, биринҷ, картошка, макарон ва равған иборат мебошад.

Мавриди зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ буда, барои сатҳи некуаҳволии мардум пайваста тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд. Ҳамасола дар арафаи иди саиди Фитр бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба табақаҳои ниёзманд кумакҳо расонида мешаванд.

  АКСҲО  аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ

Май 12, 2021 15:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Сарвари давлат: «Ҳар як фарди ҷомеа вазифадор аст, ки моҳияту аҳаммияти Конститутсияро ба фарзандони худ ҳанӯз аз хурдсолӣ фаҳмонад»
Эмомалӣ Раҳмон: «Маҳз ба шарофати Конститутсия ва амалӣ шудани меъёрҳои он дар Тоҷикистон фазои орому осуда муҳайё гардид»
Президенти Тоҷикистон: «Конститутсия соҳибистиқлолии халқи моро ба расмият дароварда, асосҳои бунёдии ҷомеа ва давлати навини тоҷиконро муайян намуд»
КОНСТИТУТСИЯ — ШАҲОДАТНОМАИ ХАЛҚИ ТОҶИКИСТОН. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Гузариш ба иқтисоди «сабз» барои ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри ҳаллу фасли масоили иҷтимоӣ имконоти зиёд фароҳам меоварад»
ЭЪТИРОФИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. «Lonely Planet» Тоҷикистонро байни самтҳои беҳтарини сайёҳии ҷаҳон ҷой дод
Сарвари давлат: «Меҳргон яке аз муҳимтарин ҷашнҳои табиӣ ва фарҳангии мо – тоҷикон аст»
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо медали «Барои хизматҳо дар рушди ҳамкории башардӯстона» сарфароз гардонида шуданд
ТОҶИКИСТОН — МИЗБОНИ ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ. Интихоби Душанбе чун макони баргузории ин чорабиниҳои муҳим ба таҷриба, эътибор ва нуфузи байналмилалии мамлакат асос ёфтааст
Вуруди Резервати биосферии «Ромит» ба Шабакаи ҷаҳонии мамнуъгоҳҳои ЮНЕСКО — рӯйдоди муҳим дар соҳаи экологии Тоҷикистон
ДИПЛОМАТИЯИ ТОҶИКИСТОН: АЗ СУХАНРОНИИ ТАЪРИХӢ ТО ТАШАББУСҲОИ ГЛОБАЛӢ. Эҳдо ба Рӯзи кормандони хизмати дипломатии Тоҷикистон
Президенти Тоҷикистон: «Таъсиси Маркази минтақавии зеҳни сунъиро дар шаҳри Душанбе салоҳи кор мешуморем»