«Чаро пардохти ғайринақдӣ бояд рушд ёбад?»,- шарҳи матбуот

Май 7, 2021 15:43

ДУШАНБЕ, 07.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Ҳафтаи сипаригардида матбуоти даврии Тоҷикистон оид ба муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, кишоварзӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат маводи сершумор ба нашр расонид.

Аз ҷумла, «Ҷумҳурият», ки нашрияи расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад, дар шумораи № 87, ҷумъа- 30 апрели соли равон зери сарлавҳаи «Пешвои миллат: Аз тамоми сокинони кишвар хоҳиш мекунам, ки вазъияти ҷаҳони имрӯза ва мушкилоти бавуҷудомадаро саҳл нашуморанд» суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар маҷлиси Ҳукумат дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар семоҳаи якуми соли 2021 рӯи чоп овардааст.

Дар шумораи №88 , душанбе- 3 май рӯзномаи «Ҷумҳурият» дар мавриди суҳбати телефонии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Содир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев  иттилоъ дода, навиштааст, ки дар ҷараёни мулоқот сарони давлатҳо рӯйдодҳои дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон ба амал омадаро баррасӣ карданд.

Инчунин дар ин шумора зери сарлавҳаи «Сайёҳии гастрономӣ: хӯрокҳои миллӣ- воситаи ҷалби сайёҳони хориҷӣ» зикр шудааст, ки яке аз навъҳои сайёҳӣ, ки  дар раванди он сайёҳон бо хӯрокҳои маҳалҳои гуногун ва рафти омодасозиашон шиносоӣ пайдо мекунанд, ин сайёҳии гастрономӣ мебошад. Ин намуди сайёҳӣ дар Тоҷикистон ҳарчи бештар рушд дорад. Эълон шудани Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ин навъи сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард.

Дар шумораи №89, сешанбе- 4 май рӯзнома иттилоъ додаст, ки Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба гурӯҳи хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Қирғизистон бо дастрасии моддаи 395, қисми 2   (оғоз ё пешбурди ҷанги таҷовузкорона) ва моддаи 104, қисми 2 (одамкушии ду шахс ё бештар аз он, аз ҷумла вобаста ба иҷрои фаъолияти хизматӣ; бо тарзи ба ҳаёти мардуми зиёд хавфнок; аз ҷониби гурӯҳи муташаккил; бо нияти ғаразнок, инчунин марбут ба роҳзанӣ ё бандитизм; бо сабаби нафрат ё хусумати миллӣ, нажодӣ, динӣ, маҳалгароӣ ё интиқоми хунӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуд.

Ба таъкиди Прокуратураи генералии Тоҷикистон, истифодаи қувваҳои мусаллаҳ аз ҷониби давлат бар зидди соҳибихтиёрӣ, тамомияти арзӣ ё истиқлоли сиёсии давлати дигар ё бо ягон тартиби дигаре, ки ба Оинномаи СММ ё дигар шартномаҳои байналмилалӣ мухолифат менамояд, ҳамчун ҳаракати таҷовузкорона баҳо дода мешавад.

«Садои мардум» — нашрияи  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар шумораи№58-59 (4320-4321), шанбе- 1 майи соли 2021, дар радифи хабару гузоришҳо  маводеро таҳти  сарлавҳаи «Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо котибони шӯрои амнияти кишварҳои аъзои СААД», «Андозаи ҷарима барои саркашӣ аз қабули даъватномаи комиссариати ҳарбӣ зиёд шуд», «Чаро пардохти ғайринақдӣ бояд рушд ёбад?» ва «Вазъ дар минтақаи наздисарҳадии Исфара ором аст» нашр намудааст. Ҳамзамон дар ин шумора шакли пурраи суханронии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Ҳукумат бобати натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар тайи семоҳаи якуми соли 2021 интишор шудааст.

Дар шумораи №60, сешанбе-4 май иттилоъ дода шудааст, ки вазъият дар минтақаҳои сарҳадии деҳоти “Чоркӯҳ”-у “Ворух” ва “Хоҷаи аъло”-и шаҳри Исфара баъди гуфтушунидҳои расмии ҳарду давлат ором аст. Гурӯҳҳои кории ҳарду ҷониб дар фазои  ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум фаъолият дошта, техникаҳои ҳарбии ҳарду тараф баъди гуфтушунидҳо ба минтақаҳои ҷойгиршавии доимӣ баргаштанд. Ҳоло равуои бемамониат дар роҳҳои минтақаи наздисарҳадӣ барқарор аст.

«Минбари халқ» — нашрияи марказии Ҳизби  Халқии Демократии Тоҷикистон /ХХДТ/  дар шумораи 5 майи соли 2021, чоршанбе, №18 (1312) чун дигар нашрияҳои расмии мамлакат дар саҳифаҳои худ доир ба мулоқоти Пешвои миллат бо роҳбарони ҳайатҳо- иштирокчиёни ҷаласаи кумитаи котибони шӯроҳои амнияти кишварҳои аъзои СААД мавод таҳия ва чоп намудааст.

Дар саҳифаи 6 нашрияи мазкур мақолаи Абдусабури Абдуваҳҳоб зери сарлавҳаи «Ворух ҳеҷ вақт анклав набуд» ба нашр расидааст.

Аз ҷумла, муаллиф дар матолиби хеш зикр намудааст, ки «мушкилии марзие, ки имрӯз ҳар ду миллат барои ҳаллаш солҳои сол саъю талош меварзанд, наметавон бо зӯргӯиву қудрат мурод ҳосил намуд. Ҳамсоягони мо бояд дарк кунанд, ки назари як нафар назари миллату давлат шуда наметавонад. Сабукфикрӣ, осемасарӣ, беандеша сухан гуфтан фарҷоми хуб надорад. Инро метавон дар мисоли ҷамоати деҳоти Ворухро анклав эълон кардану даъвои онро ба тобеияти Қирғизистон ворид кардан гуфт. Деҳаи Ворух ҳазорсолаҳост, ки чун минтақаи тоҷикон дар осори гаронмояи адибону таърихнигорон омадааст ……….. ».

 «Народная газета»-нашрияи русизабони Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз соли 1925 инҷониб рӯи чоп меояд, дар шумораи  № 17 (20298) 5 майи соли 2021 чун дигар нашрияҳои расмӣ мавзӯъҳои рӯзмарраро пайгирӣ намуда, аз  рафти баргузории маҷлиси Ҳукумат дар бораи натиҷаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар дар семоҳаи якуми соли 2021, ки 29 апрели соли равон баргузор гардид, муфассал гузориш додааст.

Ҳамзамон нашрияи  расмии «Народная газета» хабару мақола ва гузоришҳоро аз ҳаёти сиёсию иқтисодии мамлакат, ба монанди «Амбициозный подход разрушает логику таджикско- кыргызских территориальных вопросов», «Презентация книги «Таджики в зеркале истории» в Узбекистане», «В Ташкенте состоялось заседание СНК ШОС», «Наши народы должны жить в дружбе и понимании» мунташир намудааст.

                                               Холисаи АСОМИДДИН,
АМИТ «Ховар»

Май 7, 2021 15:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Дастаи футболбозони Донишгоҳи давлатии Бохтар ғолиби мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба футбол гардид
Ҷавонони тоҷик дар Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок доранд
Дар бозорҳои шаҳри Хоруғ бо мақсади пешгирӣ аз сӯхтор санҷиш гузаронида шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар Бохтар машғулияти такмили ихтисос барои муҳандисони заминсоз ҷамъбаст шуд
Дар Панҷакент ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадрдонӣ гардиданд
Дар Муъминобод бахшида ба 100-солагии Соҳиб Табаров конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар шаҳри Турсунзода ҷаласаи сайёри Шурои ҷамъиятӣ баргузор гардид
Шабакаи «МегаФон Тоҷикистон» бо аккумуляторҳои пуриқтидор муҷаҳҳаз мегардад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон туман мефарояд