COVID-19: Шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавӣ ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашуд

Май 6, 2021 16:43

ДУШАНБЕ, 06.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Дар шабонарӯзи охир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба бемории коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашуд. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ то имрӯз, 6 май дар кишвар 13308 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Инчунин, 90 нафар бар асари ин беморӣ фавтидаанд.

Май 6, 2021 16:43

Хабарҳои дигари ин бахш

Имсол дар Тоҷикистон беш аз 37 ҳазор метр корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ гузаронида мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Пешвои миллат: «Ҳамеша шукронаи соҳибватаниву соҳибдавлатӣ, сулҳу субот ва зиндагии орому осудаи худро ба ҷо оварем»
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Сергей Лебедев: «Қазоқистон аввалин мизбони Форуми волонтёрони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мегардад»
Сардори Хадамоти алоқа бо фаъолияти ширкати «МегаФон Тоҷикистон» шинос шуд
МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН. Наврасони Душанбе худро ситораи футбол эҳсос карданд
Имрӯз дар дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар баъзе аз хоҷагиҳои таҷрибавии шаҳри Ҳисор риоя нагардидани қоидаҳои агротехникаи парвариш мушоҳида мегардад
Дар шаҳри Истанбули Туркия гӯшаи миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
Барои масъулини бахши молиявии Ҳизби Халқи Демократии Тоҷикистон машварати омӯзишӣ оғоз гардид