Дабири кулли СММ аз тамосҳо байни раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард
ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш аз тамосҳои раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати иҷрои мувофиқа дар мавриди оташбас истиқбол кард. Дар ин бора намояндаи расмии дабири кулли созмони ҷаҳонӣ Стефан Дюжаррик 3 май зимни брифинг изҳор дошт.
«Дабири кулл бо нигаронӣ ҳаводисро дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон пайгирӣ мекард. Вай барои талафоти ҷонӣ дар задухӯрдҳои ҳафтаи гузашта изҳори тасаллият ва ба захмиён шифои оҷил таманно мекунад», — гуфт Дюжаррик.
Ба гуфтаи намояндаи дабири кулл, Антонио Гутерриш аз тамосҳои раҳбарони ду кишвар барои татбиқи мувофиқаи оташбас, ки 1 май ҳосил шудааст, истиқбол мекунад. «Дабири кулл инчунин омодагии СММ-ро барои дастгирӣ дар ҳолати зарурӣ тасдиқ мекунад», — гуфт Дюжаррик.
Ёдовар мешавем, ки дирӯз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ аз дастёбӣ ба мувофиқа дар бораи хотима додани даргириҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ва хуруҷи қисмҳои низомии иловагӣ ва техникаи ҳарбӣ истиқбол кард. Дар ин бора дар паёми СПАД, ки рӯзи сешанбеи 4 май интишор ёфтааст, гуфта шудааст.
ДАР АКС: Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш. Аксҳои EPA-EFE








ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид
Пешвои миллат: «Таҳти ин парчами муқаддас 35-солагии истиқлоли давлатиро бо дастовардҳои назаррас истиқбол намоем»
Аввалин Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ёдгории нодир аст. Эҳдо ба Рӯзи Парчами давлатӣ
Президенти Тоҷикистон: «Дар зери Парчами давлатиямон боз ҳам бештар муттаҳид бошем!»
Нақши Президенти Тоҷикистон дар бунёди низоми муосири идоракунии давлатӣ назаррас аст
САҲМИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР ТАКМИЛИ ФОНДИ ОСОРХОНАИ МИЛЛӢ БУЗУРГ АСТ. Эҳдо ба Рӯзи Президент
Директори Агентии «Тоҷикстандарт»: Садоқат ба Президент, садоқат ба Ватан аст!
ПЕШВОИ РАЪИЯТПАРВАРИ МИЛЛАТ. Эҳдо ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАДИДАИ ПЕШВО ДАР ТОҶИКИСТОН-АКСИ САДОИ ТАЪРИХ БА НИЁЗҲОИ СИЁСИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида мешавад
Эмомалӣ Раҳмон -таҳкимбахши Истиқлолияти давлатӣ ва Пешвои ваҳдатофар
Дар Осорхонаи миллӣ ба ифтихори Рӯзи Президент Рӯзи дарҳои кушод гузаронида мешавад
ҲАР РӮЗИ ФАЪОЛИЯТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ТАЪРИХСОЗИСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон






