Дабири кулли СММ аз тамосҳо байни раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон истиқбол кард

Май 5, 2021 11:48

ДУШАНБЕ, 05.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш аз тамосҳои раҳбарони Тоҷикистон ва Қирғизистон ҷиҳати иҷрои мувофиқа дар мавриди оташбас истиқбол кард. Дар ин бора намояндаи расмии дабири кулли созмони ҷаҳонӣ Стефан Дюжаррик 3 май зимни брифинг изҳор дошт.

«Дабири кулл бо нигаронӣ ҳаводисро дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон пайгирӣ мекард. Вай барои талафоти ҷонӣ дар задухӯрдҳои ҳафтаи гузашта изҳори тасаллият ва ба захмиён шифои оҷил таманно мекунад», — гуфт Дюжаррик.

Ба гуфтаи намояндаи дабири кулл, Антонио Гутерриш аз тамосҳои раҳбарони ду кишвар барои татбиқи мувофиқаи оташбас, ки 1 май ҳосил шудааст, истиқбол мекунад. «Дабири кулл инчунин омодагии СММ-ро барои дастгирӣ дар ҳолати зарурӣ тасдиқ мекунад», — гуфт Дюжаррик.

Ёдовар мешавем, ки дирӯз Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) низ аз дастёбӣ ба мувофиқа дар бораи хотима додани даргириҳо дар марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон ва хуруҷи қисмҳои низомии иловагӣ ва техникаи ҳарбӣ истиқбол кард. Дар ин бора дар паёми СПАД, ки рӯзи сешанбеи 4 май интишор ёфтааст, гуфта шудааст.

 

ДАР АКС: Дабири кулли СММ Антонио Гутерриш. Аксҳои EPA-EFE

Май 5, 2021 11:48

Хабарҳои дигари ин бахш

35 тавсифи пурарзиши Президенти Тоҷикистон дар ситоиши Истиқлолияти давлатӣ
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ САОДАТ ВА АСОЛАТИ МИЛЛАТ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
НУРИ ХУРШЕДИ ИСТИҚЛОЛ ТО АБАД РАВШАНГАРИ ҲАЁТИ ҶОМЕАИ МО БОД! Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛУ ОЗОДӢ — РАМЗИ ВОҚЕИИ ИФТИХОР АЗ ВАТАНУ ВАТАНДӮСТӢ. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — МАРҲАЛАИ СИФАТАН НАВИ РУШДИ ТОҶИКИСТОН. Тавсифҳои истиқлолият аз суханҳои пурарзиши Президенти Тоҷикистон
ИСТИҚЛОЛИЯТ — РАМЗИ БАРҶАСТАИ ПОЙДОРИИ ДАВЛАТ. Андешаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба Истиқлолияти давлатӣ
ҶОИЗАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБ–ВАСИЛАИ ТАҲКИМИ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин маврид
ТИРГОН ШЕБУ ФАРОЗИ САДСОЛАҲОРО ГУЗАШТА, ТО БА РӮЗГОРИ МО РАСИДААСТ. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон ба муносибати ин ҷашн
Соли 2027 дар Тоҷикистон Конфронси байналмилалӣ доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда баргузор мешавад
Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»