Дар Афғонистон боз ду таркиши дигар рух дод

Май 10, 2021 11:26

ДУШАНБЕ, 10.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бар асари таркиши автобус дар вилояти Парвон дар шарқи Афғонистон ҳаддиақал ду ғайринизомӣ кушта ва нӯҳ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд. Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба ТАСС хабар медиҳад, дар ин бора шабакаи 1TV имрӯз, 10 май бо такя ба Вазорати корҳои дохилии Афғонистон хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар минтақаи Ҷабал Сараҷ рух додааст. Шабакаи телевизионӣ дар бораи вазъи захмиён маълумот пешниҳод накардааст.

Инчунин, дар канори шаҳри Фараҳ, маркази маъмурии вилояти ҳамном автомашинаи бомбагузошташуда таркид. Ду сарбози артиши Афғонистон ҳалок ва панҷ нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Тибқи иттилои ин шабака, таркиш дар пойгоҳ рух додааст. То ҳол дар бораи вазъи сарбозони маҷрӯҳ маълумоте нест.

Пештар хабар дода шуд, ки дар вилояти Зобул дар ҷануби Афғонистон 16 нафар кушта ва 41 тани дигар маҷрӯҳ шуданд.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 10, 2021 11:26

Хабарҳои дигари ин бахш

Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Оид ба такмили қонунгузорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон конференсия доир шуд
Дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Файзобод нақшаи даъвати ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ пурра иҷро гардид
Дар шаҳри Панҷакент нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ иҷро шуд
Дар Ҳисор нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ пурра иҷро гардид
Прокурори генералии Тоҷикистон бо Сафири Давлати Кувайт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Қирғизистон ҷаласаи Шурои вазирони мудофиаи кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир шуд
«БА ВАТАН СОДИҚОНА ХИЗМАТ МЕКУНЕМ!». Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Душанбе нақшаи даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра иҷро гардид
Байни Суди Олии Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар Тоҷикистон нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ 84 фоиз иҷро шуд