Дар Донишгоҳи давлатии Данғара дар мавзӯи «Хатару паёмадҳои коррупсия» семинари омӯзишӣ доир гардид

Май 31, 2021 13:12

ДУШАНБЕ, 31.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Дар Донишгоҳи давлатии Данғара дар  мавзӯи «Хатару паёмадҳои коррупсия» семинари омӯзишӣ  баргузор шуд, ки дар он кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар  вилояти Хатлон, майори адлия Парвиз Одинамаҳмадзода ва лейтенанти калони адлия Манучеҳр Қурбонзода   иштирок намуда, мавзӯи мавриди назарро шарҳ доданд. Дар ин хусус ёвари ректор ва мудири бахши  робита бо фазои иттилоотии Донишгоҳи давлатии Данғара Муҳаммад  Шораҳимзода ба АМИТ «Ховар» хабар дод.

Кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дар  вилояти Хатлон иброз доштанд, ки  коррупсия — амали номатлуби шахс буда,  муқовимат бо он, пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, таҳқиқу тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои ба коррупсия алоқаманд ва ба ҷавобгарӣ кашидани субъектҳои ҳуқуқвайронкунии ба коррупсия рабтдошта вазифаи ҷонии ҳар шарҳванди ватандӯсти кишвар маҳсуб меёбад.

Номбурдагон ҳамчунин  таъкид карданд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллии як қатор давлатҳо ва халалдоркунандаи рушду суботи иҷтимоию иқтисодии онҳо эътироф гаштааст.

Дар ҷараёни семинар ҳамчунин зикр шуд, ки рӯзмарра ва мубрам будани масъалаи баррасишавандаро ба инобат гирифта, Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии фаъоли раванди ҷаҳонии муқовимат ба коррупсия гардид ва дар сатҳи миллию байналмилалӣ чораҳои дахлдори ташкилию ҳуқуқиро андешид. Дар сатҳи байналмилалӣ яке аз ҳуҷҷатҳои асосӣ ва муҳими ҳуқуқӣ, ин аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон  25 сентябри соли 2006 ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия ба шумор меравад.

Ректори Донишгоҳи давлатии Данғара,  профессор Нуралӣ Шоҳиён  зикр кард,  ки Раёсати донишгоҳ ҷиҳати муқовимат бо коррупсия нақша-чорабиниҳоро таҳия намуда, вобаста ба ин самт дар мавзӯъҳои алоҳида корҳои тарбиявӣ  гузаронида мешавад.

-Инчунин баҳри пешгирӣ аз ин амали наматлуб соли 2017 дар донишгоҳ Ассотсиатсияи “Ҷавонон бидуни коррупсия” таъсис ёфт, ки донишҷӯёни ҳамаи зинаи таҳсилот ва ихтиссосу равияҳо аъзои он   мебошанд, -афзуд Нуралӣ Шоҳиён.

Зикр  гардид, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирокчии муҳимтарин конвенсияҳо ва ниҳодҳои байналмилалӣ дар соҳаи мубориза бо коррупсия буда, таҳияи  санадҳои мубориза бо коррупсияро дар сатҳи давлатӣ ба роҳ мондаааст. Аз ҷумла бо ибтикори Пешвои миллат ду маротиба Стратегияи муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид. Ҳуҷчатҳои зикршуда аз он шаҳодат медиҳанд, ки давлат баҳри амалӣ намудани мубориза бо коррупсия сиёсати давлатии зиддикоррупсиониро роҳандозӣ карда, баҳри татбиқи он дар ҷомеа тадбирҳо меандешад ва дар ин самт алакай  ба дастовардҳо низ ноил гардидааст.

Май 31, 2021 13:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйрёбандаи бебориш пешгӯӣ мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд