Дар Душанбе корҳои омодагӣ ба ҷашни 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба оғоз гардиданд

Май 4, 2021 08:36

ДУШАНБЕ, 04.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлил намудани ҷашни 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳони солҳои 1941-1945 тасдиқ гардид.

Дар ин бора аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба АМИТ «Ховар» хабар доданд.

Тибқи иттилои манбаъ,  Раиси шаҳр  бо ин қарор масъулини  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои  пойтахтро  вазифадор намудааст, ки  иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкурро тибқи тартиби муқарраргардида таъмин намоянд.

Хотиррасон мешавем, ки дар доираи нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида ба муносибати Рӯзи Ғалаба дар шаҳри Душанбе  баргузории  барномаҳои  маърифатӣ-фарҳангӣ  дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин дар арафаи ин ҷашн  чун анъана  ба иштирокчиёну маъюбони Ҷанги дуюми ҷаҳони солҳои 1941-1945 ва ҳамсарони ҷанговарони дар он ҳалокгардида  кумаки якдафъаина расонида мешавад. Инчунин ба шахсони дар давраи ин ҷанг дар ақибгоҳ бо ордену медалҳои ҳарбӣ сарфарозгардида, шахсони дар давраи ҷанг  дар ақибгоҳ кор карда, маъюбони амалиёти ҷангӣ дар қаламрави давлатҳои дигар (Афғонистон), маъюбони садамаи Неругоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва оилаҳое, ки саробони онҳо ҳангоми ҳимояи сохти конститутсионӣ ҳалок гардидаанд,  кумаки молиявӣ аз ҳисоби фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе расонида мешавад.

Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Дар Тоҷикистон  имсол  солгарди Рӯзи  Ғалаба дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бар фашизм бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешавад. Ин ҷашни умумимиллист, зеро намояндагони зиёда аз 100 миллату халқият ҳамчун узви як оила муттаҳид гардида, барои  ба  даст  овардани  ғалаба  ҷоннисориҳо кардаанд. Дар ин ҷанги хонумонсӯз зиёда аз 72 кишвари дунё иштирок намуда, дар қаламрави 40 давлати дунё амалиёти ҳарбӣ ҷараён гирифта буд. Дар ин муҳорибаҳои  шадиду хунин аз кишварҳои  иштирокчии ҷанг зиёда аз 110 миллион нафар афсарону сарбозон  сафарбар шуда, зиёда аз 50 миллион нафар одамон қурбон шуданд ва миллионҳо одамон машаққати рӯҳию равониро аз сар гузарониданд. Дар солҳои  Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ (1941–1945) 27 миллион нафар мардуми собиқ Иттиҳоди  Шӯравӣ ҳалок шуда, зиёда аз  1700 шаҳр  хароб гардид, миллионҳо нафар   бехонаву дар монданд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор шаҳрвандон ба ҷанг сафарбар карда шуда, онҳо бо ҷасорату қавииродагии худ ҷони худро баҳри ҳимояи Ватани бузург нисор намуданд. Дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ беш аз 92 ҳазор нафар тоҷикистонӣ баҳри ҳифзи  Ватан  ба ҳалокат расидаанд.

Мавриди  ёдоварист, ки 68 нафар иштирокчиёни ҷанг аз Тоҷикистон ба унвони олии «Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ» сазовор гашта, 21 нафарашон  дорандаи ҷоизаи  се дараҷаи ордени «Шараф», ҳамагӣ зиёда аз 90 ҳазор нафар бо ифтихорномаҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ ва ордену медалҳо сарфароз гардонида шудаанд. Аз шумораи умумии фиристодагони Тоҷикистон  49973 нафарашон ба баталёнҳои коргарии сохтмонӣ ва ақибгоҳ сафарбар карда шудаанд, ки заҳмати  софдилонаи онҳо то имрӯз аз ёдҳо нарафтааст. Бояд зикр намуд, ки дар қаламрави Тоҷикистон се дивизияи хушкигарди Артиши Сурх таъсис дода шуда, бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардидаанд, ки дар муҳорибаҳои муҳимтарини Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ширкат кардаанд.

Май 4, 2021 08:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе 190 ҳолати қонуншиканӣ дар соҳаи шаҳрсозӣ ва замин ошкор гардид
«ДУШАНБЕ — ШАҲРИ САБЗ». Дар ноҳияи Синои пойтахт зиёда аз 175 ҳазор бех дарахтон шинонида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба зиёда аз 1 миллиард сомонӣ расид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Нақшаи чорабиниҳои 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ 77 фоиз иҷро шуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар самти бунёди муассисаҳои томактабӣ дар ноҳияи Шоҳмансур чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
Ҷадвали «Тақвими чорабиниҳои Иди байналмилалии Наврӯз дар шаҳри Душанбе барои соли 2026» ба тасвиб расид
«САЙРИ САДА». Бо ҷалби меҳмонону сайёҳони хориҷӣ дар Душанбе хатсайри сайёҳии ройгон ташкил карда шуд
Дар шаҳри Душанбе муҷассамаи майори милитсия Мулло Нуров гузошта мешавад
Рустами Эмомалӣ аз Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия дархост намуданд, ки кори мақомоти шаҳри Душанберо санҷад
«САЙРИ САДА». Барои меҳмонону сайёҳони шаҳри Душанбе хатсайри ройгони сайёҳӣ ташкил карда мешавад
Рустами Эмомалӣ: «Соли 2025 дар шаҳри Душанбе 62 корхонаю коргоҳи нави истеҳсолӣ ба истифода дода шуд»
«БА ҚАДРИ ЗАҲМАТИ ДИГАРОН БОЯД РАСИД!». Чаро мо масъулияти шаҳрнишиниро риоя намекунем?