Дар Кӯлоб оид ба сайёҳии дохилӣ — омили рушди иқтисодӣ ҳамоиши миллӣ доир шуд. Хабарнигори АМИТ «Ховар» дар ин бора гузориш медиҳад

Май 17, 2021 14:45

ДУШАНБЕ, 17.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Туризми зиёратӣ дар радифи дигар намудҳои сайёҳӣ имкон дорад ба рушди иқтисоди мамлакат мусоидат намуда, ҳамзамон дар боло бурдани маърифати фарҳангию равонии ҷомеа ва бахусус сайёҳони дохилию хориҷӣ нақши муассир гузорад. Ин матлабро  директори генералии Муассисаи давлатии  «Муҷтамаи  ҷумҳуриявии  осорхонаҳои Кӯлоб»  Ҳотам Асозода дар ҳамоиши миллии сайёҳӣ, ки таҳти унвони  «Сайёҳии  дохилӣ-омили рушди  иқтисодӣ» дар шаҳри Кӯлоб доир гардид, баён дошт.

Хабарнигори АМИТ  «Ховар» иттилоъ медиҳад, ки ҳамоиши миллӣ бо ибтикори Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Вазорати корҳои дохилӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб ва ширкати логистикии «Asian Express» гузаронида шуда, дар он намояндагони вазорату идораҳои марбутаи мамлакат,  роҳбарону намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва дигар субъектҳои хизматрасон дар бахши сайёҳӣ иштирок намуданд.

Муовини аввали Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Амирбекзода дар маросими ифтитоҳи ҷамъомад зикр намуд, ки ҳамоиши миллии «Сайёҳии  дохилӣ- омили рушди   иқтисодӣ» дар шаҳри Кӯлоб дар партави дастуру  ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ –Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади татбиқи  ҳадафҳои  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ гузаронида шуда, дар роҳи муаррифии имконияту иқтидорҳои сайёҳии кишвар, бахусус имконоти сайёҳии вилояти Хатлон,  рушди иқтисоди кишвар, ҷалби сармоя, тақвияти раванди бунёдкорӣ ва созандагӣ, рушди инфрасохтори  сайёҳӣ дар мамлакат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми деҳот бо роҳи эҳё ва ташаккули ҳунарҳои мардумӣ ва ба ин васила фароҳам овардани ҷойҳои нави корӣ,   тавсеаи сайёҳии дохилӣ дар шароити пандемия мусоидат менамояд.

Дар ҳамоиши миллии сайёҳӣ масъалаҳои татбиқи самараноки сиёсати  давлатии соҳаи сайёҳӣ, имконияти сайёҳӣ дар вилояти Хатлон, саҳми сайёҳии экологӣ дар ҳифз ва муаррифии  объектҳои табиӣ, таъмини бехатарии сайёҳон ҳангоми сафар, сайёҳии зиёратӣ  дар муаррифии ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, омода намудани мутахассисони  соҳаи сайёҳӣ, имконияти ташкили хатсайрҳои нави сайёҳӣ бо мақсади рушди сайёҳии дохилӣ  ва соири масъалаҳои марбут ба  рушди самараноки  фаъолияти сайёҳӣ баррасӣ гардиданд.    Зикр гардид, ки дар қаламрави вилояти Хатлон 153 ёдгории таърихӣ, 326 бостонӣ ва 30 ёдгории шаҳрсозӣ ва меъморӣ ба қайд гирифта шуда, туризми транзитӣ, экологӣ, пиёдагардии кӯҳӣ, сайёдӣ, фарҳангӣ, зиёратӣ ва дигар намудҳои сайёҳӣ, ки хоси ин минтақа аст, рушд намудааст.

Чанде қабл хатсайри  нави сайёҳии Душанбе-Данғара-Балҷувон-Ховалинг роҳандозӣ гардид, ки он ба рушди сайёҳии таърихию фарҳангӣ ва экологию зиёратӣ нақши муассир мегузорад. Ҳамзамон дар солҳои Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, хусусан  дар доираи эълон гардидани  Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва  ҳунарҳои мардумӣ бисёре аз ёдгориҳои таърихию фарҳангии вилояти Хатлон таъмиру таҷдид гардидаанд, ки дар рушди сайёҳии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.

Вилояти Хатлон дорои  иқтидору имконияти бузурги сайёҳӣ буда, ёдгориҳои таърихию  фарҳангӣ, табиати бою нотакрор, мардуми меҳмоннавози Хатлонзамин, обу  чашмаҳои мусаффо, дарёҳои кӯҳӣ ва олами бои набототу ҳайвоноти ин минтақаи зебоманзараи Тоҷикистон қалби садҳо сайёҳону ҷаҳонгардони хориҷиро тасхир намудааст. Таъкид гардид, ки зарфи  солҳои охир бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ, дар минтақаи Хатлон даҳҳо иншооти сайёҳӣ-меҳмонхонаҳо, ҳомстейҳо ва дигар инфрасохтори бахши сайёҳӣ ба истифода дода шудаанд, ки ба рушди туризм дар ин минтақа мусоидат менамоянд.

Дар ҳамоиш ҳамзамон  сардори шуъбаи сайёҳии Раёсати экологӣ ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дилафрӯз Каримова доир ба таъмини бехатарии сайёҳон ҳангоми сафар зикр кард, ки бо мақсади таъмини амнияту бехатарии сайёҳон дар мамлакат соли 2018 «Tourist Police» таъсис дода шудааст, ки он бо тамоми дастгоҳу таҷҳизоти зарурӣ ва мошинҳо таъмин буда, дар ин муддат ба зиёда аз 45 гурӯҳ сайёҳон роҳбаладӣ намуда, ба 20 ҳазор нафар сайёҳони хориҷӣ машваратҳои ҳуқуқӣ дод шуд. Бо дахли омода намудани мутахассисони бахши сайёҳӣ зикр гардид, ки дар  Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб аз рӯи ихтисоси «Саёҳат ва меҳмондорӣ» мутахассисони соҳаи сайёҳӣ омода карда мешаванд.

Инчунин дар ҳамоиши миллии сайёҳӣ роҷеъ ба рушди сайёҳии экологӣ ва фарҳангӣ-зиёратӣ бо назардошти имконоти мавҷуда дар вилояти Хатлон пешниҳодҳои ҷолиб ироа гардиданд. Зикр шуд, ки минтақаи Кӯлоб дорои ёдгориҳои бузурги таърихию фарҳангӣ, аз қабили Қасри шоҳони Хатлон- Ҳулбук, Оромгоҳи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ, Шаршараи Сари Хосор, Қалъаи Мири Балҷувон, Чилухтарон ва боз даҳҳо мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ буда, садҳо нафар сайёҳони дохилию  хориҷӣ аз онҳо боздид намуда, таассуроти нек бардоштаанд. Дар ин замина таъкид гардид, ки таҷрибаи бархе аз кишварҳои ҷаҳон, назири Чин, Туркия, Аморати Муттаҳидаи Араб, Арабистони Саудӣ, Малайзия, Таиланд  ва дигар давлатҳо, ки  дар бахши сайёҳӣ муваффақ гардидаанд, мавриди омӯзиш қарор дода шаванд.

Зикр гардид, ки бояд он иқтидори сайёҳие, ки  дар ҷумҳурӣ, аз ҷумла дар вилояти Хатлон мавҷуд аст, ба таври мақсаднок истифода гардад, зеро фароҳам овардани инфрасохтори сайёҳӣ, муаррифии имконияти сайёҳии мамлакат тавассути маводи иттилоотию тарғиботӣ бо мақсади ҷалби ҳарчӣ бештари сайёҳон ба рушди сайёҳӣ дар мамлакат мусоидат намуда, омили ҷалби сармоя ва ғанӣ гардидани буҷаи мамлакат ва некуаҳволии сокинони мамлакат, хусусан мардуми деҳот мегардад.

Иштирокдорони ҳамоиши миллии «Сайёҳии  дохилӣ- омили рушди  иқтисодӣ» аз бархе ёдгориҳои таърихию фарҳангии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон- Боғи фарҳангию истироҳатии «Хуррамшаҳр»-и Данғара, Қасри фарҳанги Данғара, Қалъаи Ҳулбук, Оромгоҳи Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Оромгоҳи Ҳазрати Султон Увайси Қаранӣ ва мавзеи «Чилчанор»-и Ховалинг боздид намуда, ҳамзамон  мусобиқаи ҷумҳуриявии  гӯштини миллиро, ки бо иштироки беҳтарин гӯштингирон-паҳлавонони Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ-Россия ва Ӯзбекистон доир гардид, тамошо намуданд.

                            Марзия  САИДЗОДА,
                           Тоҳир САИДЗОДА,

                                                                             Душанбе-Кӯлоб-Душанбе    

Май 17, 2021 14:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо Созишномаи молиявӣ оид ба гузариши «сабз» тавассути таъсиси занҷираи арзиши иловашудаи пахта ба имзо расид
Пажуҳишгоҳи амрикоии «Gallup» Тоҷикистонро аз лиҳози амнияту субот дар ҷойи сеюм қарор дод
Ҷаласаи Шурои байнидавлатӣ оид ба сиёсати зиддиинҳисории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд
Дар шаҳри Ҳисор дар майдони беш аз 7500 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронида шуд
Бонки миллии Тоҷикистон: «Ба шахсони бегона маълумоти шахсии худро надиҳед»
Аз ҷониби сармоягузорони Чин ба иқтисодиёти Тоҷикистон 2,6 миллиард доллар сармоя ворид шудааст
Кишоварзони ноҳияи Лахш беш аз 75 ҳазор тонна картошкаи хушсифат истеҳсол намуданд
Дар Тоҷикистон беш аз 2 миллион тонна ангишт истихроҷ гардидааст
Барномаи рушди соҳаи механиконии инноватсионии кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Бонки миллии Тоҷикистон вазъи бозори дохилии асъор ва сиёсати қурбиро шарҳ дод
Дар Эрон Форуми сайёҳии Тоҷикистон ва Эрон баргузор гардид
Раёсат дар Шурои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025 ба ҷониби Тоҷикистон гузашт