Дар Китобхонаи миллӣ бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 27.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. «Кӯдакон, ки ганҷинаи бебаҳо ва насли ояндасози ҷомеаи мо мебошанд, ба таваҷҷуҳу ғамхории хосса ниёз доранд. Бо дарки ин маънӣ давлату ҳукумати мамлакат, пеш аз ҳама, Пешвои миллат пайваста ба насли наврас ғамхорӣ зоҳир намуда, таълиму тарбияи онҳоро яке аз масъалаҳои муҳими давлат ва ҷомеа арзёбӣ менамоянд». Ин нуктаро муовини директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷалолуддин Нурзода дар барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ, ки бо ташаббуси шуъбаи кӯдакон ва наврасони Китобхонаи миллии Тоҷикистон зери унвони «Мо пайравони Пешвои миллатем» доир шуд, баён дошт.
Маҳфили мазкур ба Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон, ки ҳамасола 1 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад, бахшида шуд. Дар он як зумра шоирон, адибони бачагона, масъулони Маркази кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, Китобхонаи бачагонаи ҷумҳуриявӣ иштирок намуда, ҳамаи кӯдакону наврасонро ба рӯзи идашон муборакбод намуданд. Дар барнома зикр гардид, ки имрӯзҳо кӯдакону наврасони даврони истиқлол хеле хуштолеъанд, ки ҳукумату давлат ҷиҳати хонишу фароғати онҳо шароити хубу арзанда фароҳам сохтаву онҳо дар фазои амну субот зиндагӣ доранд. Гуфта шуд, ки самараи истиқлоли миллӣ ва сиёсати маърифатпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кӯдакону наврасон аст, ки ҳамасола мактабҳои замонавӣ бо шароити мусоиди таълиму тадрис фароҳам карда мешаванд.
Дар қисмати фарҳангии барнома ҳунармандони наврас, хонандагони Филармонияи давлатии бачагонаи Тоҷикистон, ҳунармандони театри «Лӯхтак» хотири меҳмононро шод гардониданд. Дар анҷом ба хонандагони фаъоли Китобхонаи миллии Тоҷикистон, иштирокчиёни Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуданд.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола рӯзи аввали фасли тобистон — 1 июн Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон таҷлил карда мешавад. Федератсияи байналмилалии занон бо баргузории ҷаласаи махсус моҳи ноябри соли 1949 рӯзи ҳифзи кӯдаконро муайян намуда, ба хотири ҳимояи ҳуқуқ, ҳаёт ва саломатии кӯдакон бо дастгирии Созмони Милали Муттаҳид 1 июни соли 1950 Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар тамоми ҷаҳон эълон гардид.
Ин сана ҳамасола дар Тоҷикистон низ ҷашн гирифта мешавад. Мақсад аз эълони ин рӯз зиндагии хуш ва ояндаи неки насли наврас мебошад. Бахшида ба ин ҷашн дар ҷумҳурии мо чбарномаҳои зиёди фарҳангию фароғатӣ доир мегарданд, ки ҳадафи онҳо ҷалбу таваҷҷуҳи ҷомеа ба ҳаёту фаъолияти кӯдакону наврасон мебошад.








Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид






