Дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон масъалаҳои муҳими илмӣ дар асарҳои занон-олимони тоҷик баррасӣ шуданд
ДУШАНБЕ, 27.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз бо ташаббуси Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллии Тоҷикистон» дар якҷоягӣ бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар мавзӯи «Инъикоси масъалаҳои мубрами илмӣ дар асарҳои занон-олимони ҷумҳурӣ» Конфронси илмӣ — назариявии ҷумҳуриявӣ баргузор шуд.
Дар кори конфронс директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода, муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷамила Раҳмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Нӯъмонҷон Ғаффорӣ ва устодону профессорони донишгоҳу донишкадаҳои олии мамлакат иштирок ва суханронӣ намуданд.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар конфронс зикр шуд, ки “зан-модар таҷассуми симои маънавию ахлоқӣ ва зоҳирию ботинии ҳар миллату давлат ва ҷомеаи мутамаддин буда, сатҳи хираду маърифат, камолоту пешрафт, гузашта ва ояндаи ҷомеаро инъикос менамояд”.
Директори Осорхонаи миллии Тоҷикистон Аҳлиддин Ибодуллозода баён намуд, ки «дар ҳамаи иқдомҳои наҷиб ва дастовардҳои таърихии миллати шарафманди тоҷик хидмати занону модарон, ки ақлу заковаташон таҷассумгари маънавиёти гаронбаҳои халқи куҳанбунёди мо мебошад, хеле бузург аст».
Ҳамзамон дар доираи конфронси мазкур таҳти унвони «Дастовардҳои илмии занон-олимони тоҷик дар 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» намоиши ҷумҳуриявӣ ифтитоҳ гардид.
Дар намоиш аз фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва Осорхонаи бонувони барҷастаи Тоҷикистон ба номи Муқаддара Рустамова мусаввараҳо, диплому сипосномаҳо, ҷоизаҳо, мукофотҳои давлатӣ, ҳуҷҷату аксҳо ва китобҳо пешниҳод шудаанд, ки фаъолияти пурсамари занон-олимони тоҷик ва саҳми боризи онҳоро дар соҳаҳои гуногуни кишвар ва дар арсаи илми ватаниву умумибашарӣ нишон медиҳанд.
Ёдовар мешавем, ки намоиши «Дастовардҳои илмии занон-олимони тоҷик дар 30 соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» то 1 июн идома меёбад.
Аксҳо аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид






