Истаравшан: Кумакпулии Пешвои миллат ба иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ расонида шуд

Май 6, 2021 09:41

ДУШАНБЕ, 06.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. 5 май бахшида ба 76-умин солгарди Рӯзи Ғалаба намояндаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хушбахтшоҳ Сафарзода, корманди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Саидамин Исомаддинзода ва раиси шаҳри Истаравшан Адҳам Маъмурзода ба аёдати  иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ Раҷаб Набиев ва Сулаймон Аюбов рафта, онҳоро бо ин рӯз табрик намуданд. Сипас  ба аёдатшудагон аз номи  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба маблағи 10 000 сомонӣ, кумакпулии Раиси вилояти Суғд ба маблағи 4 000 сомонӣ ва раиси шаҳри Истаравшан ба маблағи 2 000 сомонӣ  кумакпулии якдафъаинаро  тақдим  намуданд.

Тавре аз Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, зимни суҳбат бо иштирокчиёни ҶДҶ  зикр гардид, ки ҷонфидоии мардони шуҷоъ дар ин набард тимсоли олии ватандӯстӣ, ваҳдат, озодихоҳӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, барои наслҳои ҷавон дарси ибрат ва сабақи ҷовидона мебошад. Хизмату ҷонбозиҳои эшон дар таъмини сулҳу оромии кишвар ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳад шуд ва онҳо ҳамеша зери таваҷҷуҳи доимии давлату Ҳукумат қарор доранд.

Иштирокчиёни Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ аз ин таваҷҷуҳу ғамхорӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан ба Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи сипос намуда, дар ҳаққи давлату миллат ва мардуми сарбаланди кишвар дуои нек карданд.

Акс Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Май 6, 2021 09:41

Хабарҳои дигари ин бахш

НАҚШИ ЗАНОН ДАР ЭҲЁИ СУННАТҲОИ НАВРӮЗӢ. Таҳти ин унвон форуми байналмилалӣ доир мешавад
Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар ҳавзҳои таҳшин корҳои тозасозӣ анҷом дода истодааст
Дар Душанбе намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандӣ ташкил карда шуд
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Таҳти чунин унвон дар шаҳри Душанбе ҳамоиш баргузор гардид
Доир ба танзими давлатии соҳаи истеҳсолоти иҷро машварати омӯзишӣ баргузор шуд
Дар Тоҷикистон аз 17 то 19 март бориши борон пешгӯӣ мешавад
ҒИЗОИ СОЛИМ. Пудина ва шибит бо хосиятҳои шифобахши худ маъруфанд
Дар Душанбе масъалаҳои мубрами таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити рушди инноватсия ва рақамикунонӣ баррасӣ гардид
НАВРӮЗ – ОМИЛИ ПОЙДОРИИ ВАҲДАТ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Ню-Йорк масъалаҳои тавсеаи имкониятҳои занон дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Оид ба дурнамои нави ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Муассисаҳои давлатии нигоҳдории роҳҳо зарари офати табииро дар роҳҳои мошингард бартараф менамоянд