Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ сокини 15-солаи Душанберо аз ҳалокат наҷот доданд
ДУШАНБЕ, 28.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании (КҲФ ва МГ) назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини 15-солаи пойтахтро аз ҳалокат дар дарёи Душанбе наҷот доданд, хабар медиҳад маркази матбуоти Кумита.
Нимаи 27 май ба КҲФ ва МГ занги телефонии изтиробовар ворид шуд. Шоҳидон хабар доданд, ки дар соҳили чапи дарё, дар наздикии микрорайони 63-юми пойтахт ба як наврас хатари ғарқшавӣ таҳдид мекунад.
Гурӯҳи наҷотдиҳандагон фавран ба ҷои ҳодиса рафта, бо истифода аз ресмони бехатарӣ барои аз дарё баромадан ба наврас кумак кард.
Тавре маълум шуд, ҳангоми оббозӣ ноболиғро ҷараёни шадиди об ба масофаи 15-20 метр аз соҳил дур бурдааст ва ӯ дар яке аз танбапояҳои дарё банд мондааст.
Ҳарорати об дар вақти амалиёти наҷотдиҳӣ 15-17 дараҷа гарм буд.
Кумита хабар медиҳад, ки дар тӯли 5 моҳи соли 2021 дар махзанҳои оби кишвар 34 нафар дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ ғарқ шудаанд, ки аз ҷумлаи онҳо 14 нафар кӯдакон ва наврасони то 16-сола мебошанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо исрор аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки қоидаҳои бехатариро дар назди махзанҳои об риоя кунанд ва дар ҷойҳои мамнӯъшуда оббозӣ накунанд.
АКС аз КҲФ ва МГ








Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ барои истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон оғоз гардид
Дар Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон татбиқи методологияи таҳлили хавфҳои коррупсионӣ баррасӣ шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи 70-уми Комиссияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мақоми зан иштирок дорад
ГРАНТИ ПРЕЗИДЕНТӢ. Занони хоҳишманд метавонанд лоиҳаҳои грантиро пешниҳод намоянд
Дар Тоҷикистон ҳавои номусоид то 11 март боқӣ мемонад
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон дар тарбияи насли нав масъулияти беназир доранд»
Табиат мекунад моро табобат! Сиёҳалаф дорои витаминҳои табиӣ мебошад
Пешвои миллат: «Занон дар ҳама соҳаҳои рушди Тоҷикистон саҳми арзанда доранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Модарон намунаи ахлоқ ва масъулияти ҷомеа мебошанд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Донишмандии зан омили пешрафти тамоми миллат аст»
ЗАН БЕҲТАРИН ВА ОХИРИН ТУҲФАИ ОСМОНӢ АСТ. Гуфтаҳои бузургон дар васфи Зан – Модар
ҲАМДУ САНО БА ЗАН-МОДАР, КИ МУҲАББАТИ Ӯ ИНТИҲО НАДОРАД. Иқтибосҳо аз суханрониҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон






