ЛФТ санаи баргузории чор бозии мавқуфгузоштаи Лигаи олиро эълон намуд

Май 30, 2021 08:30

ДУШАНБЕ, 30.05.2021 /АМИТ «Ховар»/. Лигаи футболи Тоҷикистон санаи баргузории чор бозии мавқуфгузоштаи чемпионати Тоҷикистон-2021 байни дастаҳои Лигаи олии кишварро эълон намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, дар рӯзи захираи тақвими бозиҳо – 2 июн ду бозии мавқуфгузоштаи даври ҳафтуми мусобиқа баргузор мегардад, ки дар онҳо «Хуҷанд»-и Хуҷанд дар майдони худ «Файзканд»-и Восеъ ва КМВА-и Душанбе «Равшан»-и Кӯлобро қабул мекунад. Дар рӯзи дигари захираи тақвим – 6 июн бошад «Эсхата» – «Хуҷанд» (бозии мавқуфгузоштаи даври 8-ум) ва «Равшан» – «Кӯктош» (бозии мавқуфгузоштаи даври 9-ум) вомехӯранд.

Ёдрас мешавем, ки бо сабаби барканор кардан аз варзишгоҳи хонагӣ дастаи “Равшан” бозияшро муқобили “Кӯктош” дар варзишгоҳи “Пахтакор”-и шаҳри Бохтар мегузаронад.

Чемпионати Тоҷикистон-2021

Лигаи олӣ

Бозиҳои мавқуфгузоштаи даври 7-ум

2 июн (чоршанбе)

Оғози бозиҳо – соати 17:30

«Хуҷанд» – «Файзканд»

Хуҷанд, варзишгоҳи «20 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон»

КМВА – «Равшан»

Душанбе, варзишгоҳи КМВА Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозии мавқуфгузоштаи даври 8-ум

6 июн (якшанбе)

Оғози бозӣ — соати 17:30

«Эсхата» – «Хуҷанд»

Хуҷанд, варзишгоҳи «Спартак»

Бозии мавқуфгузоштаи даври 9-ум

6 июн (якшанбе)

Оғози бозӣ — соати 17:30

«Равшан» – «Кӯктош»

Бохтар, варзишгоҳи «Пахтакор»

АКС аз ФФТ

 

Май 30, 2021 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Ғолибони Шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар деҳаи Пушинги ноҳияи Данғара муайян шуданд
35 медали паралимпичиёни тоҷик бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар Фестивали байналмилалӣ дар шаҳри Сочии Русия
МУСОБИҚАИ АСПДАВОНӢ. Ин бозии миллӣ аз ҷумлаи расму ойинҳои Наврӯз аст
Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) аввалин пирӯзиашро дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон ба даст овард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо дастаи Чин бозиҳои дӯстона анҷом дод
Мадина Қурбонзода ва Абубакр Шеров соҳиби шоҳҷоизаҳои Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) дар ноҳияи Данғара шуданд
Мутахассиси беларусӣ ба ситоди мураббиёни дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол ҳамроҳ шуд
ФЕСТИВАЛИ БОЗИҲОИ МИЛЛИИ ВАРЗИШӢ. Дар он зиёда аз 50 намуд бозиҳои миллӣ намоиш дода мешаванд
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футбол машқҳои дастҷамъиро дар Душанбе оғоз кард
«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид