МОДАР ЯКТОСТ, ТОҶИКИСТОН ЯКТОСТ. Андешаҳои академик Фарҳод Раҳимӣ ба муносибати зодрӯзи ситоишгари Ватан, модар ва забони модарӣ Лоиқ Шералӣ

Май 20, 2021 17:09

ДУШАНБЕ, 20.05.2021. /АМИТ «Ховар»/. Имсол барои мардуми тоҷик соли махсус мебошад. Зеро Тоҷикистон сиюмин солгарди Истиқлоли худро пешвоз мегирад. Ин бузургтарин ҷашни миллии мо мебошад, ки номи кишвари мо-Тоҷикистонро ҳамчун ҷузъи таркибии ҷаҳон муаррифӣ мекунад. Масарратбахш аст, ки дар доираи ин  ҷашни хуҷаста ва ҳумоюн фарзандони фарзона ва барӯманди тоҷик, аз ҷумла устод Мирзо Турсунзода (110 сол) – шоири сулҳу озодӣ,  устод Сотим Улуғзода (110 сол) – эҳёкунандаи чеҳраҳои муҳими таърихӣ (Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Виркану Наниманча, Аллома Адҳам, Аҳмади Дониш) ва Лоиқ Шералӣ (80 сол) – шоири озода ва дилдода зода шуда, ҷашни истиқлоли моро шукӯҳу азамати хоса ва рангу таровати тоза мебахшанд.

Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар ин соли таърихӣ дар  баробари маҷмӯаҳои шеър ва намунаҳои насри  устодон Мирзо Турсунзода ва Сотим Улуғзода, инчунин дар сатҳи муносиб таҷлил кардани ин санаҳои таърихӣ дар  сатҳи ҷумҳуриявӣ конференсияҳои илмӣ баргузор намуда, мақолаҳо ва монографияи бахшида ба ҳаёту фаъолияти онҳоро ба сурати алоҳида чоп намуд.  Гулчини ашъори Мирзо Турсунзода бо номи «Ҳамеша бо Ватан будам»  ва маҷмӯаи мақолаҳои Абдухолиқ Набавӣ «Ду чеҳраи дурахшони адабиёти тоҷик»  (Турсунзода ва Улуғзода) ба ин гувоҳанд.

Ҳамчунин маҷмӯаи «Машъалдори шеър» низ аз ҷониби Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ба чоп расид, ки он аз чор бахш таркиб ёфта, фарогири таҳқиқоти донишмандони тоҷик ва хориҷӣ дар бораи ҳаёт ва фаъолияти эҷодии устод Лоиқ мебошад. Чунин нигоштааст  дар пешгуфтори маводи ба АМИТ «Ховар» манзурнамудаи худ академик Фарҳод Раҳимӣ, Президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон. Дар зимн матни пурраи андешаҳои муаллиф пешкаши хонандагон гардонида мешавад.

-Маълум аст, ки шеъри Лоиқ ҳам дар  замони ҳаёташ ва ҳам баъди маргаш дар нақди адабии тоҷик ба таври муфассал таҳқиқ шудааст. Ин  аз он гувоҳӣ медиҳад, ки устод Лоиқ яке аз машҳуртарин шоирони муосири тоҷик мебошад. Аз ҷумла, хидматҳои устод Лоиқро дар адабиёт Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар китоби “Чеҳраҳои мондагор” ба таври ҳаққонӣ арзёбӣ кардаанд: «Аз нимаи солҳои шастум адабиёти моро ҷустуҷӯҳои нави эстетикӣ, рӯҳияи худогоҳӣ,  талқини ҳофизаи таърихии халқ, хусусан арзишҳои маънавӣ сар то по фаро гирифт. Ба адабиёт рӯҳи нав дамид. Дар ин миён лозим медонам хизматҳои пурарзиши шодравон Лоиқ Шералиро дар талқини шуҷоати адабӣ, рӯҳи миллӣ ва ватандорӣ, ситоиши модар ва забони модарӣ,  эҳёи бисёр суннатҳои шеъри оламгири мо бо сипосу эҳтироми хосса ёдовар шавам».

ДАР АКС: 28 марти соли 2018 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Панҷакент муҷассамаи Лоиқ Шералиро ифитоҳ намуданд. Акс аз бойгонии АМИТ «Ховар»

Мо дар асоси ҳамин гуфтаи Пешвои миллат баъзе аз нуктаҳои ашъори ғановатманди устод Лоиқро мавриди баррасӣ қарор хоҳем дод.

 Ҷустуҷӯҳои нави эстетикӣ

Устод Лоиқ бо шеъри «Ном» (1959) ба арсаи адабиёти муосири тоҷик қадам монд, номи худро дар адабиёти тоҷик ҷовидона сабт кард ва аз аввалин намунаҳои ашъораш талош намуд, муҳтавои шеърро аз умумигӯӣ раҳо сохта, шеърро ба василаи таҳарруки пиндорҳо бо ёрии вожаҳо  ҳамчун ҳунари асил муаррифӣ намояд. Ин ҷустуҷӯҳои зебошинохтиро ӯ дар аксари навъҳои шеъри маъмули суннатӣ ва ҳам дар қолиби шеъри сафеду чаҳорпора идома дод ва, агар чашмандозе ба марҳалаҳои эҷодиёти шоир карда шавад, равшан дида мешавад, ки ба натиҷаҳои назарраси адабӣ муваффақ гардидааст. Ҷустуҷӯҳои эстетикии ӯ дар нав гуфтан, нав дидан ва нав андеша кардан зуҳур мекунад, ки шеъри ӯро аз навиштаҳои ҳамасронаш мумтоз месозад ва онро метавон бо ҷуръат падидаи нав дар адабиёт номзад кард. Василаи асосии ин ҷустуҷӯҳо омезиши маъниҳои латиф ва тахайюлоти романтикӣ бо тасвирҳои зебои ҳаётӣ мебошад, ки намунаи барҷастаи он ғазали зер буда, манзараи фаро расидани шом бо умдатарин нишонаҳо ва шохистарин ҷузъиёташ дар пеши чашм ҳувайдо мегардад. Тасвирҳое, ки дар ин шеър омадаанд, ҳамагӣ наванд:

         Аз ситеғи қуллаҳо зардӣ парид,

         Соя ҳам аз пуштаҳо доман кашид.

         Офтоб аз кӯчаи кӯҳҳо гузашт,

         Аз фарози салтанат поин хамид.

         Моҳи нав хамёза кард, аз бурҷи кӯҳ,

         Рӯди кӯҳӣ як қадар боло дамид.

         Қуллаи кӯҳҳо ба дарё сарнагун,

         Нолаи дарё ба гардунҳо расид.

         Ахтаре бо ахтаре наздик шуд,

         Дидаи худбин чунин манзар надид.

         Каҳкашонраҳро мунаввар карду гуфт:

         Шабравони зиндагӣ, роҳат сафед!

 Рӯҳияи худогоҳӣ

Яке аз омилҳои ба шоири маҳбуб мубаддал гаштани устод Лоиқ  дар ниҳоди хонанда бедор кардани эҳсоси гарми ватандӯстию ватанпарварӣ, таҳкими ғояҳои худшиносию худогоҳӣ мебошад, ки ин дар замони Шӯравӣ аз шоир ҷасорати фавқулодаи фардӣ ва адабӣ тақозо мекард. Шеъри устод Лоиқ аз ҳаёти маънавии халқи тоҷик сарчашма гирифта, дар он натанҳо лаҳзаҳои талху душвори миллати ҷафокашидаи тоҷик, балки шукӯҳу ҳишмати он, сарнавишти фарзандони номвар, барои намуна, силсилаи шеърҳои “Хоки Ватан” ва “Илҳом аз Шоҳнома” бозтоб ёфтааст. Вақте ки мо ба ашъори ватандӯстонаи устод Лоиқ аз назари таҳқиқ баҳо медиҳем, дар пеши чашмамон шоире падидор мегардад, ки ситоишгари бузургии Тоҷикистон, вассофи зебоҳои диёр, тараннумгари меҳру муҳаббати Меҳан, яъне соҳибватан аст.

Барои намуна:

Ҳарчӣ дорам дар ин ҷаҳон, Ватан аст,

Ватан асту мадори ҷону тан аст.

Ё:

Ёрон ҳама ҷо, вале Ватан дар як ҷост,

Ҳар санги Ватан мисоли  ҳайкал зебост.

Олам ҳамаҷо азиз, лекин бар ман,

Модар яктост, Тоҷикистон яктост.

Ва:

Ватан сар мешавад аз гоҳвора,

Зи шири поку аз пистони модар.

Ва:

Ватан имрӯзи мо ояндаи мо,

Паноҳи мурдаи мо, зиндаи мо.

Устод Лоиқ аз ҷумлаи камтарин тоҷиконест, ки дар ғаму кулфати Ватан месӯзад ва онро бо тамоми вуҷудаш дӯст медорад:

Дар ғами номуси миллат

Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,

Аз фурӯғи рӯзи миллат

Бе муҳобо хонаи душман бисӯзад!

Баҳри истиқлоли миллат

Камтарин тоҷик агар чун ман бисӯзад,

Аз тулӯъи фоли миллат

Решаи манҳуси Аҳриман бисӯзад!

Дар раҳи фардои миллат

Камтарин тоҷик агар сидқан бисӯзад,

Бо сару савдои миллат

  Кошкӣ, эй кошкӣ чун ман бисӯзад.

Талқини ҳофизаи таърихии халқ

Ҳамин рӯҳияи худогоҳист, ки ӯро ба талқини ҳофизаи таърихии халқ савқ медиҳад ва он лаҳзаҳои пурифтихори таърихи гузаштаи миллати худро дар шеъраш сабт мекунад ва шеъри ӯ ба дили мардуми тоҷик роҳ меёбад ва устод Лоиқро ба масобаи шоири миллӣ мешиносонад. Шоир дар шеъри “Хоки Ватан” таърихи сарзамини хешро чунон тарсим мекунад, ки тамоми вуҷуди ту чун кӯҳ побарҷо ва бовиқор, чун санг мустаҳкаму устувор, вале бо ин ҳама ҳар пора хокат барои ҳар касе, ки дар ин диёри сабзи домани гардун зода шуда ва аз оби шифои чашмасорони ту нӯшида, туро дӯст дорад:

Сарзамини камзаминам,

Ту саросар кӯҳсорӣ

Ту саросар сангзорӣ

Чунки фарзандони ту дар тӯли таърихи дароз

Ҳар куҷо рафтанд, муште хок бо худ бурдаанд.

Шеърҳои алоҳидае, ки устод Лоиқ ба фарзандони бузурги миллати тоҷик, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Ибни Сино, Хайём, Ҳофиз, Саъдӣ, Аҳмади Дониш, Садриддин Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода бахшидааст, яқинан ҳофизаи таърихии халқро зинда нигоҳ медорад ва ба пасовандони худ талқин мекунад, ки дар тараннуми арзишҳои маънавӣ кӯшо бошанд.

 Ситоиши Модар

Албатта, дар адабиёти ҳазорсолаи форсии тоҷикӣ дар тавсифи модар абёте ба маъдуд ёфт мешавад, вале навоварии Лоиқ дар аст, ки ӯ дар шеър бо суннатҳои миллӣ, оинҳои мардумӣ талош кард, ки симои модари тоҷикро офарад. Бино ба навиштаи донишмандони тоҷик ӯ дар ин силсилаи шеърҳо, ки баъдан дар маҷмӯаи “Модарнома” ба чоп расид, аз Сергей Есенин ва Эраҷ Мирзо таъсир бардоштааст.  Вале, тафовути образи “модар”-и ӯ аз дигарон дар он аст, ки дар аксари мутлақи ин ашъор симои зани кӯҳистонии тоҷик намудор аст ва шоир суннату оинҳои хоси тоҷикӣ намоди ҳамосаи модари тоҷикро халқ кардааст.

Охирин расми модари устод Лоиқ, ки Муҳиддин Олимпур аккосӣ карда будааст.

Намунаи барҷастаи он ҳамон шеъри “Ба модар” аст, ки бидуни қайду шарт ва муқаррароти расмӣ ба узвияти нависандагони Тоҷикистон пазируфта шуд:

Ба кунҷи сандалӣ биншаста шабҳо, модари пирам,

Ту шояд ҷомаи домодӣ медӯзӣ ба сад нийят,

Ки рӯзи тӯй дида бар қади ман, бишканӣ армон,

Бубинӣ то ба ранги нав, ба ҳусни нав ҷавоният,

Ба он дастони ларзони шарафмандат бимирам ман!

Ситоиши забони модарӣ

Устод Лоиқ аз зумраи он шоироне буд, ки барои пос доштани забони модарӣ, тоза кардани забон аз калимоти бегона, корбасти вожаҳои зебо дар шеър, истифодаи ибораҳои рехта ва масалу зарбулмасалҳо, ворид кардани вожаҳои зебои лаҳҷавӣ ба шеъри тоҷикӣ ва дар навбати худ сохтани калимаҳои нав ва корбурди он дар шеър хадамоти арзандаро анҷом додааст. Шоир касоне, ки забони модарии худро гум кардаанд, мазаммат мекунад ва мардумро ба ин васила ба дӯст доштани забон талқин месозад. Аз ҷумла, ӯ дар шеъри “Забонгумкарда” чунин дарди дил мекунад:

Заҳр бодо шири модар бар касе,

К-ӯ забони модарӣ гум кардааст.

Дамидани рӯҳи нав ба адабиёт

Устод Лоиқ ба шеъри муосири тоҷик, чи суннатӣ ва чи нав, бо калима, таркибу ибора, вожаҳои сирф тоҷикӣ, тасвирҳои ҷадид ва бадеъияти тоза ба мояву лояи шеър навоварӣ ворид кард ва ин яке аз омилҳои дигари маҳбубияти шеъри безаволи шоир аст. Шеъри ӯ забони зиндаи мардум буд, ки дарду армон, шодиву андӯҳи онҳоро ифода мекард.

Дубайтии зер ба ин мисол шуда метавонад:

Раҳи дуру раҳи дуру раҳи дур,

Маро аз ту ҷудо карданд маҷбур.

Дили моро надиданду нахонданд,

Илоҳо чашми биношон шавад кӯр!

Ё ин ғазали зебо, ки саросар шоҳбайт аст ва аз шоҳкорҳои устод Лоиқ мебошад:

Аз дур ошёни туро ёд мекунам,

Дар ҳар куҷо нишони туро ёд мекунам.

Аз кӯчаҳои шаҳр хаёлӣ чу бигзарам,

Айвони гулфишони туро ёд мекунам.

Аз ҳафт ранги тобиши рангинкамони дур

Садрангии ҷаҳони туро ёд мекунам.

Оғӯшам аз ҷавонию зебоӣ пур шавад,

То чеҳраи ҷавони туро ёд мекунам.

Дар об дида ҷилваи чашми ситорагон,

Чашмони меҳрубони туро ёд мекунам…

Азбас дар остонаат мондаст лахти дил,

Якумр остони туро ёд мекунам.

Ин ҳама гувоҳ аст, ки то Одаму Олам ҳаст, шеъри устод Лоиқ намирост, ҷовидона аст. Ӯ худ дар чандҷо ба намирандагии худ ишора дорад: «Ман намемирам,  ман нахоҳам мурд!» ва «Аз ман умри дубора хоҳад монд» ва ин ғазали бошукӯҳ ному ашъори ӯро поянда нигоҳ хоҳад дошт:

Ало, шеъри Аҷам, фардо маро ту зинда хоҳӣ дошт!

Ало, шӯри дили дунё, маро ту зинда хоҳӣ дошт!

Ба зери сангҳои собиту сайёри гардунҳо,

Ало, Албурзи побарҷо, маро ту зинда хоҳӣ дошт!

Басо шеъри тари дунё бувад андар лаби дарё,

Ало, шеъри тари дарё, маро ту зинда хоҳӣ дошт…

Сухан пайдову нопайдои ҳар халқи сухансоз аст,

Ало, пайдову нопайдо, маро ту зинда хоҳӣ дошт!

Ало, Девони Ҳофиз, ҳофизам бошӣ зи ҳар марге,

Ало, Девони Мавлоно, маро ту зинда хоҳӣ дошт!

АКСҲО аз АМИТ «Ховар» ва манбаъҳои боз

Май 20, 2021 17:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ маҳз бо ташаббус ва азми устувори Эмомалӣ Раҳмон қабул карда шуд
Ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Китобдор, китобхона ва китобхонаи шахсии сол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023 — 2024» муайян шуданд
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». 7 ноябр даври чоруми ин озмун оғоз гардида, пурра ба навор гирифта мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли анор барои бемориҳои мавсимӣ беҳтарин даво аст
Нақши Президенти Тоҷикистон дар рушди қонунгузории миллӣ назаррас аст
«КОНСТИТУТСИЯ-БАХТНОМАИ МИЛЛАТ». Бахшида ба 30-солагии ин санади сарнавишсоз конференсияи илмию амалӣ доир шуд
«ИЛМ-ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Дар Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмуни ҷумҳуриявӣ доир шуд
Конститутсияи Тоҷикистон-яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон
КОНСТИТУТСИЯ — РОҲНАМОИ РУШДИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ БАРОИ САДСОЛАҲО. Андешаҳои насли даврони соҳибистиқлолӣ дар ин мавзуъ
КОНСТИТУТСИЯ-ҲУҶҶАТИ САРНАВИШТСОЗИ МИЛЛАТ. Тибқи ин санад ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳаматарафа ҳимоя карда мешаванд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Нақши ин мақомот дар ташаккули волоияти қонун дар ҷомеа муҳим аст
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқҳои фитрии инсонро кафолат додааст