«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Имрӯз довталабони озмун барои «Шоҳҷоиза» рақобат менамоянд
ДУШАНБЕ, 29.11.2025 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон довталабони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» аз рӯи 4 номинатсия барои ба даст овардани «Шоҳҷоиза» рақобат менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Барои дарёфти Шоҳҷоиза довталабе метавонад иштирок намояд, ки дар даври чоруми озмун дар гурӯҳи номинатсияи худ ҷойи якумро сазовор гардида бошад.
Дар ҳолати муайян шудани ғолиби Шоҳҷоиза натиҷаи ҷойҳои ишғолкардаи ғолибони ҳамон гурӯҳи номинатсия як зина боло бардошта мешавад.
Барандаи Шоҳҷоиза довталабе мегардад, ки ба саволҳои иловагии ҳакамон ҷавоб дода тавонад, дафтари ӯ ҷавобгӯйи талаботи Низомномаи озмун буда, рӯйхати асарҳои мутолианамуда ва азёдкардааш мутобиқ ба синну сол ва гурӯҳи худаш бошад. Ҳангоми баҳо додан донистани забонҳои хориҷӣ ва аъзои фаъоли китобхонаҳо будани довталаб ба эътибор гирифта мешавад.
Ёдовар мешавем, ки озмун аз рӯйи чор номинатсия баргузор мешавад:
— адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ;
— адабиёти классикии тоҷик;
— адабиёти муосири тоҷик;
— адабиёти ҷаҳон.
Хотиррасон мешавем, ки дар даври ниҳоии озмун ғолибони ҷойҳои 1, 2, 3 ва гирандаи Шоҳҷоиза имтиёз доранд, ки ба муассисаҳои олии мамлакат ба равияи дилхоҳашон ройгон ва бе супоридани имтиҳон дохил шаванд.
Ҳамчунин хонандагон ва донишҷӯёне, ки дар муассисаҳои таълимӣ дар гурӯҳҳои пулакӣ таҳсил менамоянд, ҳангоми дар даври ҷумҳуриявии озмун сазовори ҷойҳои 1, 2, 3 ва ё Шоҳҷоиза гардидан ба гурӯҳи ройгони таҳсил гузаронида мешаванд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли ҳафтум аст, ки таҳти сарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва тақвияти ҷаҳони маънавӣ дар байни аҳолии мамлакат баргузор мегардад.
Озмун байни хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, баъд аз муассисаҳои таҳсилоти касбӣ, омӯзгорони ҳама зинаҳои таҳсилот, ходимони илмию адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, фарҳангу санъат, калонсолон, намояндагони касбу кори гуногун ва дигар табақаҳои аҳолии мамлакат гузаронида мешавад.
Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ғолибони озмунҳои ҷумҳуриявӣ қадршиносӣ шуданд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид






